КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар Китобхонаи миллӣ дар доираи чорабиниҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад. Ҳамзамон Муколамаи занони Осиёи Марказӣ-2025, ки имсол раёсати онро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зимма дорад, расман оғоз меёбад.
Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷавонони фаъол иштирок менамоянд.
Иштирокчиёни форум мавзуъҳои «Нақши занон дар пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», «Ташаббусҳои созандаи занон дар ҳифзи пиряхҳо»-ро баррасӣ намуда, ба таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳаёти занону духтарон, бахусус дар деҳот ва кӯҳистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Ҳадафи форум баланд бардоштани нақши занон дар ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, роҳбарии занон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экология ва рушди устувор мебошад.
Форум барои табодули таҷриба, муколама ва муттаҳидсозии талошҳои занон дар ҳалли масоили мубрам вобаста ба тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об заминаи устувор мегузорад.
Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» яке аз конфронсҳои канории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Дар он ташаббуси таъсиси платформа барои ҳамкории занон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор, дастгирии шабакаи занони роҳбар, ки дар ташаббусҳои иқлим ва об фаъолона иштирок менамоянд, муаррифии лоиҳаҳои муваффақ ва масъалаҳои илмие, ки аз ҷониби занон амалӣ мегарданд, натиҷагирӣ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аввалин конфронси байналмилалии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи пиряхҳо дар миқёси ҷаҳон мебошад. Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо мебошад. Ин чорабинии бонуфуз бо иштироки беш аз 2200 нафар намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, олимон, сиёсатмадорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ташаббуси Тоҷикистон оид ба ҳифзи кафтори рахдор дар COP-20 дастгирӣ ёфт
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
COP30. Дар Бразилия саҳми Тоҷикистон дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид гардид
Дар Бразилия барномаҳои Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муаррифӣ карда шуданд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
COP 30 ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






