КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Имрӯз дар доираи он форумҳои пешазконфронсӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май баргузор мегардад, форумҳо ва чорабиниҳои канорӣ оғоз меёбанд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Ин конфронс дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст.
Дар чаҳорчӯби конфронс 8 форуми мавзуӣ, 18 чорабинии канорӣ (сайд-ивентҳо), 12 ҷаласаи мавзуӣ, Фестивали пиряхҳо, намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва 2 ҷаласаи пленарӣ гузаронида мешаванд.
Бегоҳи имрӯз дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт барномаи фарҳангии «Нидои лозур» баргузор мешавад.
Ба иштирокчиёни чорабинӣ — сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод мегардад. Ҳунармандони моҳир гулдӯзӣ, бофандагӣ, заргарӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро ба намоиш мегузоранд.
Ғайр аз ин барномаи фарҳангӣ пешниҳод мешавад, ки дар он сурудҳо ва рақси миллии тоҷикӣ дар иҷрои гурӯҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ иҷро хоҳанд шуд.
Иштироки муовинони президентҳои Эрон, Зимбабве, Гамбия ва Малдив, муовинони сарвазирони Озарбойҷон, Лесото ва Булғористон, 12 вазири кишварҳои хориҷӣ, раҳбарони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, ба мисли WMO, UNESCAP, UNICEF ва Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об тасдиқ шудааст. Ҳамчунин Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ва 24 роҳбари дигар ташкилоти минтақавӣ низ дар конфронс иштирок хоҳанд кард. Барои иштирок дар ин чорабинӣ тақрибан 2,5 ҳазор нафар аз беш аз 80 давлат ба қайд гирифта шудаанд.
Интизор меравад, ки конфронс ба рӯйдоди муҳими ҷаҳонӣ дар самти таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим— масъалаҳое, ки сол ба сол шадидтар ва муҳимтар мегарданд, табдил ёбад.
Ёдовар мешавем, ки конфронс дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда, аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






