«Корвони саломатӣ». Ба сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои сокинони деҳоти дурдасти вилояти Суғд дар доираи маъракаи солимгардонии «Корвони саломатӣ» ёрии тиббии ройгон расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни баргузории «Корвони саломатӣ» аз ҷониби табибони дилшинос, ҷарроҳони дилу рагҳои хунгард ва аритмолог шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд. Шаҳрвандон ҳамзамон ба таври ройгон аз ташхиси эхокардиография ва сабти барқии дил гузаронида шуданд.
Дар ин рӯз ба мутахассиси дилшинос 498 нафар, ҷарроҳи дил — 19 нафар ва ба ҷарроҳи рагҳои хунгард 18 нафар муроҷиат намуданд.
Ҳадафи иқдоми «Корвони саломатӣ» расонидани хизмати тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Иқдом ба ошкор кардани бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйин намудани табобати саривақтӣ равона шудааст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






