КОШИНКОРӢ. Он ҳунари дастии қадимии халқи тоҷик аст, ки давоми ҳазорсолаҳо газанд намеёбад

Май 18, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 18.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кошинкорӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое аст, ки таърихи он аз замони бостон ва асрҳои миёнаи қадим сарчашма мегирад. Дар аҳди қадим қасру кӯшкҳои меъмории ҷудогона бо сангрезаҳои табиии муҷалло кошинкорӣ мешуданд, ки ин зебоиро дар замони имрӯза низ дидан имкон дорад. Ин ҳунари қадимии халқи тоҷик давоми солҳо аз насл ба насл расида, то ба ҳол муҳимият ва арзишмандии худро гум накардааст. Хушбахтона, баъди Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунаҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳунари кошинкорӣ дубора эҳё гардида, ҳаводорони омӯхтани он дучанд гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 13 майи соли равон дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» бо иштироки ҳунармандони варзида, ғолибони даврҳои якум ва дуюми озмун аз ҳамаи минтақаҳои мамлакат аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид, ки дар он ҳунари қадимии кошинкорӣ низ дар номинатсияи «Армуғони этнографӣ» муаррифӣ карда шуд.

Тавре иштирокчии фаъоли даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон»- ҳунарманди ҷавони кулолгар аз шаҳри Хуҷанд Муҳаммадҷон Қурбонов иброз дошт, қабл аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти инкишофи ҳунарҳои санъати дастӣ метавон гуфт, ки бархе аз онҳо дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон қариб буд аз байн раванд.

«Бояд гуфт, ки санъати амалии халқӣ барои пайдо намудани ҳунармандони нав ва пешкаши мардум намудани ҳунари онҳо ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё кардани ҳунарҳои қариб аз байнрафта иқдоми хуб ва саривақтӣ буд. Зеро ҳунари кошинкорӣ аз ҷумлаи ҳунарҳое аст, ки дар он ҳунари дастии офаридаи ҳунарманд давоми қарнҳо бегазанд боқӣ мемонад»,-баён медорад ӯ.

Кошинкорӣ санъати ҳунари дастиест, ки онро асосан дар намои биноҳо истифода мебаранд. Яке аз барҷастатарин намунаи осори рассомон — кошинкорони тоҷик ороиши «Кохи Наврӯз» дар шаҳри Душанбе мебошад, ки имрӯзҳо дар тамоми олам вирди забони дӯстдорони саёҳат мебошад.

То омода шудани кошин он аз чанд марҳила мегузарад. Муҳаммадҷон Қурбонов изҳор медорад, ки кошинҳо ду маротиба дар 1000 дараҷа гармӣ пухта мешаванд- маротибаи аввал худи сафолро мепазанд, баъд нақшу нигор карда, ранг намуда, ба болои он сир (моеъи хос) рехта, маротибаи дуюм мепазанд.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, маҳсулоте, ки онҳо барои омода намудани сафол истифода мебаранд, пурра ватанӣ буда, хокаш аз хоки Маҳрами шаҳри Конибодом ва хоки сурхи Чоркӯҳи Исфара мебошад. «Ин маҳсулот садсолаҳо боз барои намои биноҳо хизмат мекунад. Зеро аз барфу борону Офтоб ва намӣ бегазанд мемонад. Маҳсулот хусусияти хуби нигоҳдорӣ ва ҳифзшавандагӣ дошта, онро агар зери хок кунему баъди 1000 сол дубора гирем, ҳолати худро хуб нигоҳ дошта метавонад. Талабот ба ин ҳунар асосан дар биноҳои таърихие, ки аз нав барқарор карда мешаванд, бештар аст. Ҳамзамон сокинон кошинкориро дар хонаҳо, хусусан меҳмонхонаҳо ва ошхона низ истифода мебаранд»,- мегӯяд ӯ.

Намунаи барҷастаи ҳунари ин ҳунарманди ҷавонро метавон дар намои бинои асосии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дид. Тавре мегӯяд, омодасозии он ҳамроҳи устодон 6 солро дар бар гирифт.

Коргоҳи онҳо дар «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» воқеъ мебошад. Дар худи ин маҷмаа дар ҳавлии ҳунармандон- дар қисмати кулолгар онҳо бо дигар ҳунармандони ҷавон, ки синнашон ба 40 нарасидааст, фаъолият мебаранд.

Тавре ҳунарманд иброз медорад, нафароне, ки дар ин коргоҳ машғули офаридани ҳунари волоянд, ба синни худ нигоҳ накарда, пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин ҳунари қадимиро рушд диҳанд.

Ба андешаи Муҳаммадҷон Қурбонов, ба коргоҳи онҳо сайёҳони хориҷии зиёде барои тамошо меоянд. Онҳо барои сайёҳони хориҷӣ дарсҳои маҳорат мегузаронанд. Дар дастгоҳи махсуси чархзанандаи кулолгарӣ онҳо ба хориҷиён тарзи омодасозии маҳсулоти кулолгариро фаҳмонида, нишон медиҳанд. Сайёҳон бо маҳорати худашон бо ин дастгоҳ маҳсулот омода мекунанду чун ёдгорӣ аз Тоҷикистон онро ба кишварҳои худ мебаранд.

Ҳунарманди ҷавон Муҳаммадҷон Қурбонов ба ҷуз аз кошинкорӣ, инчунин ба омодасозии лавозимоте, ки аз сафол омода карда мешаванд, яъне, кӯза, табақ, қандил ва гулдон низ машғул аст. Ҳунари дастии офаридаи ӯ ҳеҷ як тамошобинро бетараф гузошта наметавонад. Воқеан ҳам маҳсуле, ки аз ҷониби ҳунарманди асил сохта мешавад, бе муҳобот, як асари санъат аст.

Баъди тамошои маҳсули дасти ин ҳунарманд бори дигар дарк менамоӣ, ки ҳунарҳои миллӣ рисолати нигоҳ доштани арзишҳои фарҳангиро дошта, аз насл ба насл дода мешаванд. Ҳамзамон аз нав зинда кардан ва рушд додани анъанаю суннатҳои волою наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя намудан ба ҳунарҳои мардумӣ далели худшиносӣ ва симои хоси миллӣ доштани мардуми тоҷик мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 18, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад