Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният баргузор гардид, ки дар он Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Котиби Шурои амнияти мамлакат изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим дошта, дар мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир пешсаф мебошад.
«Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори чандин тадбирҳои муҳим ва муштараки байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ мебошад, — таъкид намуд Юсуф Раҳмон — Тоҷикистон дар доираи сиёсати хориҷӣ якчанд иқдоми муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла ташкили ҳамоишҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд дар мавзуъи муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомезро пешбарӣ кардааст.
Махсусан “Раванди Душанбе”, ки аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ҳамчун платформаи муассир барои ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва таҳкими амнияти дастҷамъона хизмат менамояд. Шаҳри Душанбе минбари муҳими муколама, ҳамгироии кишварҳо ва ташкилоти байналмилалӣ дар масъалаи амнияти глобалӣ гардидааст.
Мо итминон дорем, ки танҳо тавассути ҳамбастагӣ ва ҳамкории зич байни давлатҳо метавонем амнияти устуворро таъмин намуда, дар муқовимат ба хатарҳои муосир муваффақ гардем».
Дар ҷаласа беш аз 150 намояндаи кишварҳои хориҷӣ, инчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок намуданд.
Вохӯрии навбатӣ дар соли 2025 дар мавзуи «Шаклгирии услуби баробарӣ ва тақсимнашавандаи бехатарӣ: хатарҳо ва имконот барои давлатҳои Ҷанубу Шарқи ҷаҳонӣ» доир гардид.
Ҳамзамон дар доираи Вохӯрии 13-уми байналмилалии намояндагони баландмақоми бахши амният оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамоиш баргузор шуд.









ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






