Лоиҳаҳои тандурустии Тоҷикистон дар ҷаласаи Бонки исломии рушд муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 23 май дар Алҷазоир ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд ва чорабиниҳои канории «Барномаи ҳаёт ва воситаҳо барои ҳаёт» (LLF) доир гашт, ки дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» бо муваффақият ба анҷом расида, барои пайгирии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани назорати вориди доруҳои пастсифат ва қалбакӣ ва амалӣ намудани истеҳсоли маҳсулоти дорувории ватанӣ лоиҳаи «Пурзӯр намудани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ тавассути назорати миллии сифати дору ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Барои рушду густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд дар соҳаи тандурустӣ тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё мебошанд ва ин ҳамкорӣ барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд намуд.
Дар ҷаласаи канорӣ оид ба саҳми «Барномаи ҳаёт ва воситаҳо барои ҳаёт» ва музокироти интерактивӣ ҳамзамон вазирони тандурустии ҷазираи Малдив ва Серра Леон низ иштирок намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






