Лоиқ Раҳмонзода: «Яке аз хатарноктарин пайомадҳо афзоиши шумораи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз хатарноктарин пайомадҳо афзоиши шумораи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад ва ин зуҳуроти ногаҳонию харобиовар аксари вақт дар минтақаҳои дурдасту дастнорас рух медиҳад. Дар ин минтақаҳо низоми боэътимоди мониторинг ва огоҳии пешакӣ вуҷуд надорад ва ин шароит сабаби зиёдшавии зарари эҳтимолӣ мегардад. Чунин изҳори назар намуд муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода дар форуми пиряхҳо таҳти унвони «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал дар самти илмҳои криосфера».
Ба иттилои Лоиқ Раҳмонзода, дар шароити тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масъалаҳои ҷиддии илмӣ ва амалӣ рӯ ба рӯ мегардад. Кишварҳои кӯҳӣ, ки имконияти маҳдуд барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатарҳои табиӣ доранд, аз ҳама бештар осебпазиранд. «Ҳамзамон яке аз омилҳое, ки дар Тоҷикистон дар баробари тағйирёбии иқлим ва коҳишёбии пиряхҳо таъсир мерасонад, ин афзоиш ёфтани ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, махсусан зиёдшавии зуҳуроти хокбориш мебошад. Хокбориш боиси тезшавии суръати обшавии раванди пиряхҳо мегардад»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 идомаи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим мебошад. Ташаббуси мазкур аз ҷониби 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ва дар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид инъикос ёфтааст. Ҳамзамон дар доираи ин қатънома қарор оид ба таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид, ки он чун воситаи муҳими молиявӣ ба дастгирии таҳқиқоти илмӣ, мониторинг ва тавонсозии иқтидор дар кишварҳои кӯҳӣ ва ба тағйирёбии иқлим осебпазир мусоидат менамояд.
Лоиқ Раҳмонзода изҳор намуд, ки «дар даҳсолаи охир дар минтақаи Осиёи Марказӣ истифодаи устувори захираҳои обӣ афзоиш ёфтааст, ки сабаби асосии он зиёдшавии шумораи аҳолӣ, инчунин рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мебошад. Зиёдшавии истеъмоли об ба манбаъҳои мавҷудаи обӣ фишори бештар меорад, ки қисми зиёди онҳо аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Аз ин рӯ бо назардошти он ки тағйирёбии иқлим ба коҳииши босуръати пиряхҳо мусоидат менамояд, идоракунии устувори захираҳои обӣ ба яке аз масъалаҳои калидӣ барои кишварҳои минтақа мубаддал гардидааст».
Бояд гуфт, ки маҳз бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди низоми устувори мониторинги креосфераро ҳамчун афзалияти миллӣ муайян намудааст. Тавре Лоиқ Раҳмонзода иброз медорад, «мо ҳамкориро бо ташкилоти байналмилалӣ тақвият бахшида, шабакаи яхшиносиро васеъ намуда, усулҳои моҳвораӣ ва истгоҳҳои худкори назоратро амалӣ менамоем. Таваҷҷуҳи махсус ба минтақаи Помири ғарбӣ, марказӣ ва нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор дода мешавад, чунки маҳз дар ҳамин минтақа пиряхҳо ба тағйирёбии иқлим хеле ҳассосанд ва манбаи асосии таъмини дарёи Вахш ба ҳисоб мераванд. Ин дар таъмини иқтидори гидроэнергетикии мамлакат, таъминоти иқтидори об ва тавозуни оби фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нақши асосӣ мебозад».
Пешвои миллат дар суханрониҳояшон борҳо аҳамияту ҳифзи пиряхҳо ва зарурати ҳамкории байналмилалиро дар ин самт таъкид намудаанд. Барои пешгирии пайомадҳои ногувор вобаста ба иқлим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барнома ва стратегияҳои дахлдор қабул намудааст. Дар ин ҳуҷҷатҳои стратегӣ афзалият ва самтҳои асосии коҳиш додани хатари тағйирёбии иқлим ва навъҳои асосии хатарҳои офатҳои табиӣ, ки хисороти бештаре, ба мисли обхезӣ, ярч, сел, тарма ва хушксолӣ мерасонанд инъикос ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имрӯз то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад






