Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»

Май 10, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 10.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Маҳмадсолеҳ Қосимов 8 садяк замини наздиҳавлигияшро самаранок истифода мебарад. Дар айни замон ӯ дар ин замин картошка, гулкарам ва дигар зироат кишт намуда, ҳосили фаровонро интизор аст.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Маҳмадсолеҳ Қосимов имсол  2 қуттӣ кирмак низ дастрас намуд. Дар айни замон пилла барои ҷамъоварӣ пурра омода буда, дар назар аст, ки аз он 100 кило пилла  гирад.

Пиллапарварӣ ҳамчун соҳаи сердаромаду афзалиятноки иқтисодӣ барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, рушди саноати сабук, истеҳсоли матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ барои саломатӣ безарар ва таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор нақши муассир дорад.

Маҳмадсолеҳ Қосимов иброз дошт, ки «ба замин ҳар қадаре, ки бо муҳаббату ғамхорӣ  муносибат кардед, онро оқилонаю самаранок истифода бурдед, ҳамон қадар баракаташро мебинед. Ҳайронам, ки баъзе нафарон  чандин сотих заминҳои наздиҳавлигиашонро истифода намебаранд, онҳо солҳо бекор меистанд. Ҳол он ки истифодаи самараноки ин заминҳо на танҳо ба оилаи онҳо, балки барои сокинони  шаҳрнишин, ки ба маҳсулоти кишоварзӣ ниёз доранд, муфид аст».

«Гузаштагони мо заминро беҳуда модар нахондаанд. Агар мушоҳида карда бошед, дар тамоми давлатҳои дунё одамон барои истифода дурусти замини назди ҳавлишиашон талош менамоянд, дар машғулиятҳои омӯзишӣ иштирок мекунанд. Аз интернет бо таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳон шинос мешаванд, аз он истифода мебаранд.  Агар ҳар яки мо заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода барем, чандин мушкилоти зиндагиамонро бартараф месозем»,-афзуд ин деҳқони ботаҷриба.

Истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокини деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Маҳмадсолеҳ Қосимов барои дигар сокинон намунаи ибрат мебошад. Зеро чунин кишоварзон дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи ғизоӣ қонеъ намуда, баъдан маҳсулоти зиёдатиро ба бозор бароварда, бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон мегардонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Май 10, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд