Маркази ҳамкории Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ ифтитоҳ гардид

Май 31, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамкории Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маркази ҳамкории Тоҷикистону Чин оид ба мубориза бар зидди нобиноӣ муштарак буда, табибони чинӣ низ метавонанд дар он ба беморони чашми мамлакати мо хизмати тиббию табобатӣ расонанд. Инчунин даврҳои бозомӯзӣ ва мубодилаи таҷрибаи табибони тоҷику чинӣ якҷоя гузаронида мешавад.

Дар ин рӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ тақдим гардид. Ин таҷҳизот аз 1 заррабин (микроскоп), 1 дастгоҳи «Фако-элит», 1 лампаи қишрӣ, 1 таҷҳизоти безараргардонӣ ва ғайра иборат мебошанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд