Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ сазовори Ҷоми «Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» гардид
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни кормандони соҳаи маорифи пойтахт Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми «Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор гардид. Зимни он Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и ноҳияи Фирдавсӣ ғолиби ҷойи якум шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи пойтахт хабар доданд.
Инчунин Мактаб-интернати №2 барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуди шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Мусобиқа аз 13 то 27 май аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол-25 май, ки бо ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст, баргузор шуд.
Дар мусобиқаи футболи хурд байни кормандони соҳаи маорифи пойтахт 33 даста бо ҳам рақобат намуданд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






