Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти нурафкании «Брахитерапия» таъмин мегардад

Май 4, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ба Маркази саратоншиносии вилояти Суғд таҷҳизоти нурафкании «Брахитерапия»-ро дастрас менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, арзиши таҷҳизоти нурафкании «Брахитерапия» 324 055 евро мебошад.

Имсол низ аз ҷониби Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар асоси лоиҳа ба  Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дастгоҳи рентгении рақамии  «Evolution» дастрас гардид. Айни замон таҷҳизот мавриди истифода қарор дорад.

Бо дастгирии ин агентӣ 3 нафар мутахассисони Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар Маркази илмӣ-тадқиқотии онкологии шаҳри Москва ба бозомӯзӣ ҷалб гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 4, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид