Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва муҳофизати пиряхҳо баррасӣ шуданд

Май 31, 2025 08:42

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим, бахусус  муҳофизати пиряхҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими миллӣ дар ин самт зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзиддин Қаҳҳорзода ва муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.

Вохӯрӣ дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуд. Вазири молия иброз дошт, ки Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлимӣ иқдоми назаррас анҷом медиҳад ва бо ҷалби маблағҳои бузурги байналмилалӣ, аз ҷумла грантҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд лоиҳаҳои стратегиро амалӣ менамояд. Дар ин робита татбиқи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун намунаи равшани чунин иқдом иброз гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон барои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2025 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст