Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид

Май 12, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 12.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Табодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти омӯзиш ва ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат дар самти акушер-гинекологӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак  ва дигар масъалаҳо 10 май зимни вохӯрии намояндагони ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Дар ин самт аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Табибони Донишгоҳи улумпизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов,  Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара»-и вилояти Хатлон ва барои акушер-гинекологҳои вилояти Суғд машварати омӯзишӣ гузарониданд.

Ҳадафи ин омӯзиш баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва тақвияти донишу малакаи табибон дар самти бемориҳои акушерӣ- гинекологӣ мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 12, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд