МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гелос хавфи саратонро дар бадани инсон кам менамояд
ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Амрико соли 2013 зимни таҳқиқот муайян намудааст, ки меваи гелос равандҳои илтиҳобиро дар бадани инсон коҳиш дода, иммунитетро мустаҳкам нигоҳ медорад. Яъне, он хавфи саратонро кам мекунад.
Гелос барои муолиҷаи бемории гулӯ ва шуш низ тавсия дода мешавад. Дар тибби мардумӣ мева, барг ва гулҳои онро истифода мебаранд. Обҷӯши мевааш хосияти табшикану пешобронӣ дорад. Дар тибби муосир шира, афшура ва гелоси тару тозаро, ки аз моддаҳои фаъоли биологӣ бой аст, ба кӯдакон чун маводи ғизоӣ тавсия медиҳанд.
Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшоби гелосро барои иштиҳо ва ҳазми хӯрок истифода менамуданд. Ба ақидаи табибони мардумӣ, агар гелосро бихӯранд, дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад ва агар хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад. Санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Дар тибби илмӣ меваи гелосро дар мавриди камхунӣ, газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, заъфи рӯда, дарди рӯдаи ғафс ва ғайра тавсия медиҳанд.
Гелос хосияти хуби шифоӣ дорад. Обҷӯши баргаш барои дафъи рутубати узвҳои нафас, ширааш барои муолиҷаи сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст. Агар гелоси хушккардашударо дар об тар карда, ба беморони ҷигар фармоянд, талхаро тунук мекунад. Тарзи тайёр намудани дамхӯрдаи меваҳои хушки гелос, ки барои муолиҷаи камхунӣ давои хуб аст, чунин аст: яъне 50 грамм меваи хушки гелосро гирифта, дар термос ё ягон зарфи сирдор андохта, ба болояш 300 грамм оби ҷӯш мерезанд ва онро дам медиҳанд. Пас онро аз дока гузаронида, 100-граммӣ 3 бор дар як рӯз ним соат пеш аз қабули таом истеъмол менамоянд. Ин нӯшоба давои хубест барои муолиҷаи камхунӣ. Дар як рӯз аз 200 то 300 грамм истеъмол кардани он тавсия дода мешавад.
Яке аз хусуияти дигари ин мева он аст, ки истеъмоли гелос боиси кам гардидани вазни инсон мегардад. Гелос аз сабаби миқдори ками калория ҷузъи дилхоҳи парҳез ва аз даст додани вазн мебошад. Илова бар ин, он манбаи ғании пектин, нахи ҳалшавандаи ғизоӣ аст, ки ҳангоми дучор шудан ба об ҳаҷми онро зиёд мекунад ва меъдаро ба муддати дароз пур намуда, эҳсоси серӣ мебахшад.
Олимон истеъмоли гелосро ба кӯдакон тавсия медиҳанд. Зеро он дорои оҳан буда, ба осонӣ аз ҷониби бадан ҷаббида мешавад ва сатҳи гемоглобинро зиёд мекунад. Бартарии иловагӣ таъсири оромкунанда доштани он аст. Агар фарзанди шумо хоби хуб надошта бошад ё аз ҳад зиёд фаъол бошад, ба ӯ шарбати гелос диҳед. Илова бар ин, нӯшидани шарбат барои паст кардани ҳарорати баланди бадан таъсир мерасонад. Дар мубориза бо табларза ва ҳангоми шамолкашӣ низ кумак мекунад. Аммо волидайн набояд фаромӯш кунанд, ки истеъмоли он бо донааш ба кӯдакон зарар дорад. Агар кӯдак зиёда аз даҳ донаки онро бихӯред, он метавонад сабаби оқибатҳои вазнин гардад.
Барои занони ҳомила истеъмоли гелос боиси коҳиш додани рагҳои варикоз мегардад. Гелос дорои хосиятҳои антиоксидантӣ мебошад, ки пиршавии баданро суст мекунад. Бисёре аз маҳсулоти косметикӣ дорои шарбати гелос мебошанд.
Нафароне, ки захми меъда, бемории аллергияи даҳон, хориш, атса, нафастангӣ ё диабети қанд доранд, гелосро танҳо бо тавсияи табибон метавонанд истеъмол намоянд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






