МАВСИМИ ОББОЗӢ. Агар оббозӣ карда натавонед, кӯшиши ба об даромадан накунед
ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми оббозӣ кардан дар обанборҳо, кӯлҳо ва каналу дарёҳо талаботи бехатариро пурра риоя намоед. Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об надароед. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кӯшиши ба об даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтмоли ҳалок шудан имконпазир аст. Агар бо аҳли оила ба соҳил рафтед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Чунин таъкид менамоянд масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон ва гарм шудани ҳаво мавсими оббозӣ фаро мерасад. Дар фасли тобистон талабот ба шиноварӣ зиёд мегардад. Дар ин фасли гарм соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳо пур аз истироҳаткунандагон мешавад. Дар ин замина донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад оқибатҳои ногувори ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ намояд.
Ҳодисаҳои нохуши солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар мефавтанд.
Мутаассифона, аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз бетаҷрибагӣ ҳангоми оббозӣ кардан дар мавзеъҳои мамнуъ ва надонистани қоидаҳои одитарини оббозӣ ғарқ шудаанд.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар аксари маврид одамон дар он маконҳое зери об мемонанд ва ҷонашонро аз даст медиҳанд, ки аз назарҳо дуранд ва аслан барои оббозӣ хеле хатарнок мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки дар назди маконҳои оббозӣ лавҳаҳои махсуси огоҳкунанда насб гардидаанд. Баъзе мутахассисон дар ҷараёни машқҳои тактикӣ ба кӯдакону наврасон, ки ба оббозӣ машғул мешаванд ва ё бо волидони худ дар лаби ҳавзҳо истироҳат менамоянд, риояи қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ мефаҳмонанд.
Бо фаро расидани таътили тобистона кӯдакону наврасон бештари вақти худро дар лаби рӯдхонаю ҳавзҳои табиию сунъӣ мегузаронанд. Аксари онҳо қоидаҳои дурусти оббозӣ карданро намедонанд, аз ин рӯ ҳодисаҳои нохуш зиёд ба амал меоянд.
Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки бояд дар мавзеъҳои махсуси шиноварӣ оббозӣ намуд. Дар ҳолати сархушӣ, шабона, дар мавзеъҳои ношинос, ҳавзҳое, ки обҳои зеризаминӣ доранд, оббозӣ кардан мумкин нест. Кӯдаконро дар мавзеъҳои оббозӣ беназорат гузоштан ва дар матрасҳои резинӣ, камераҳои автомобилӣ ва зарфҳои пластикӣ оббозӣ кардан манъ аст. Беҳтар аст, ки вақти саҳар ё бегоҳӣ- ҳангоми паст будани таъсири нурҳои Офтоб оббозӣ намоед.
Инчунин оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси ҳалокати одамон гардад. Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд истироҳат кард. Оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.
Ҳамзамон аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад.
Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад. Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад. Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсуси муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.
Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад. Оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт.
Ёдовар мешавем, ки ҳар сол бо оғози мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сокинону меҳмононро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад ва қоидаҳою пайомадҳои шиновариро ёдрас менамояд. Кумита ҳамчунин мавзеъҳои махсуси шиновариро пешниҳод менамояд, ки оббозӣ дар он маконҳо бехатар ва таҳти назорат аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Илм ва маориф дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ қарор дорад
Таъсиси Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера заминаи мустаҳками институтсионалӣ ва қонунгузорӣ дорад
ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзӯр гардид
Бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар барои 460 нафар пешбинӣ шудааст
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Рақамикунонӣ яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мебошад
ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






