Мавзеъҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Данғараро беш аз 18 ҳазор сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар чор моҳи соли 2025 ба ноҳияи Данғара 18 ҳазору 234 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид шуданд, ки 1977 нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Дар ноҳияи Данғара 8 меҳмонхонаи замонавӣ, 3 мавзеи сайёҳӣ, 15 тарабхонаи муосир, 45 ошхона, 3 осорхона, 82 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 чойхона, 32 маркази хизматрасонии бонкӣ, 9 мағозаи фурӯши армуғон, 5 зиёратгоҳ, 5 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 маркази иттилоотию сайёҳӣ, 4 хатсайри сайёҳии амалкунанда ва 12 ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд мебошад.
Дар ин ноҳия сайёҳон бо мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии деҳаи Пушинг, «Хуррамшаҳр», Қасри фарҳанги ноҳия, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, «Сангтӯда», мавзеи «Хуталон», Хоҷашақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, шаҳиди «Сари Қалъа», чашмаи «Нуқра» ва дигар мавзеъҳои дорои имконияти сайёҳӣ шинос мегарданд.
«ХӮШАИ ГАНДУМ». Ҳангоми ворид шудан ба ноҳия таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон нахуст ба рамзи «Хӯшаи гандум», ки дар даромадгоҳи Данғара дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ бунёд шудааст, ҷалб мегардад. Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил дода, дар қисми болоии рамз соли таъсис ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ сабт гардидаанд.
Ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст. Бунёди рамзи «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи Данғара шаҳодати фаровонии гандум ва дар маҷмуъ маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат буда, ҳикмати халқиеро ба ёд меорад: «Хонаатон пур аз гандум шавад».
«ХУРРАМШАҲР»-и Данғара Маркази фароғатӣ буда, аз ҷониби устоҳои чирадасти тоҷик дар се гектар бунёд гардида, бо шукуҳу шаҳоматаш қалби садҳо нафар ҷаҳонгардонро тасхир намудааст. «Хуррамшаҳр», ки дар Осиёи Марказӣ беназир ва нодир мебошад, аз толорҳои сангин, кандакорӣ ва нақшкорӣ иборат буда, бо усулҳои гуногуни аз ҳамдигар фарқкунанда ороиш ёфтааст. Гуногунрангии ороишот то ба ҳаддест, ки ягон гулу ороиши наққошӣ ва ё кандакорӣ такрор намешавад.
Ҳангоми тамошои «Хуррамшаҳр» ҳар сайёҳ аз тамошои нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб, гаҷ ва сангҳои ороишӣ, аз қабили мармару хоро таассуроти хуб бардошта, бо санъати баланди бостонии меъмории тоҷикон шинос мегардад. «Хуррамшаҳр» Маркази бузурги баргузории тантанаю чорабиниҳои идона ва фарҳангӣ, қабули меҳмонону сайёҳон ва дӯстдорони хӯрокҳои миллӣ аст. Ду толори калони мунаққаш, ки бо нақшу нигор ва кандакориҳои болои чӯб ва гаҷкорӣ ороиш ёфтаанд, дар як вақт метавонанд то 400 меҳмонро қабул намоянд. Дар ороиши толорҳо ҳунари волои устоҳои забардасти чӯбтарош, сангтарош, гаҷкор, оинабандон, рассомону наққошон истифода шудааст. Кандакориҳои рӯйи чӯб, санг ва гаҷ, ки бештараш дар болои оина шинонда шудаанд, яке аз дигаре ҷаззобтар мебошанд.
Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр» дорои 4 толори хурд аст, ки ҳар яке имкони қабули то 25 нафар меҳмонону сайёҳонро дорад. Дар атрофи бинои «Хуррамшаҳр» катҳо ва суҳбаткадаҳо ҷойгиранд, ки барои қабули меҳмонону сайёҳон махсус гардонида шуда, дар як вақт имкон доранд ба 700 нафар хизмат расонанд.
Шафати «Хуррамшаҳр»-ро ниҳолҳои нодир, гулу гулгашт ва фаввораҳо оро медиҳанд.
«ҚАСРИ ФАРҲАНГ»-и ноҳияи Данғара, ки соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст, аз сӯи устоҳои ҳунарманди тоҷик бо тарҳи хеле нодир бунёд гардидааст. Дар Қасри фарҳанг китобхонаи электронӣ, ки аз 52 ҳазор диски китоб иборат аст, қироатхона, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор китоб хизмат мерасонанд.
Иншоот дорои муосиртарин имконият барои фаъолияти аҳли фарҳанги ноҳияи Данғара буда, дар бунёди бино сохтмончиён тамоми талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ин аст, ки ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гачкорӣ, оинабандӣ Қасри фарҳангро мунаққаш намудаанд ва дилхоҳ сайёҳи хориҷӣ зимни шиносоӣ аз он ба ваҷд меояд.
Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Пешвои миллат ташкил карда шудааст. Дар ин ҷо толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст ва 2 ҳуҷраи машқи раққосон мавҷуд аст.
Дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст бунёд гардидаанд. Дар бинои Қасри фарҳанг синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, компютерӣ, бозиҳои шоҳмот ва шашка, дӯзандагӣ амал менамоянд.
Ҳамзамон майдони атрофи қаср сабзу хуррам гардонида шуда, бунёди шаршара ва фаввора ба атрофи иншоот ҳусни тоза зам кардааст, ки он яке аз ҷойҳои дӯстдоштанӣ, сайругашт ва истироҳатии на танҳо сокинон, балки меҳмонону сайёҳон мебошад.
«ПУШИНГ». Деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бостонӣ буда, дар асари «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров ин мавзеъ ба сифати як гӯшаи қадимии Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо иброз шудааст.
Деҳоти Пушинг соли 1932 таъсис ёфтааст. Соли 1954 Пушинг аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёт қарор гирифта, баъди таҳқиқоти илмӣ аз дохили гаҳворасангҳои деҳа ба миқдори зиёд тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кушониён бо акси шоҳ ёфт шудаанд.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони ватандӯсти деҳоти Пушинг то имрӯз даҳҳо иншооти замонавӣ бунёд гардида, имрӯзҳо сохтмони садҳо иншооти дигар босуръат идома дорад.
Дар ин замина бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба ноҳияи Данғара, хусусан деҳоти Пушинг хатсайрҳои сайёҳии Данғара-Пушинг ташкил гардидаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»