Муҳаммадҷон Қосимов — ҳунарманде, ки нақшҳои офаридааш дар дилу ёдҳо нақш бастааст

Май 9, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 майи соли 1907 ҳунарпешаи театру синамои тоҷик, яке аз саромадони театри касбии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов таваллуд шудааст. Ӯ яке аз асосгузорони театри миллии тоҷик ва аз ҷумлаи нахустин ташкилкунандагони ҳайати касбии эҷодӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. 

Муҳаммадҷон Қосимов дар санъати тоҷик тимсоли як давраи калоне мебошад, ки он ҳам табаддулоти маданият, ҳам тавлиду ташаккул ва ҳам нашъунамои санъати навро дар бар мегирад. Ӯ дар яке аз деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон таваллуд ёфтааст. Падараш саҳҳоф буда, китобдӯст ва хаттоти хуб буд.  Муҳаммадҷон аз хурдсолӣ мусиқиро дӯст медошт.

Ҳунарманд дар 9-солагӣ аз падар ҷудо шуд ва модар вайро маҷбуран ба шогирдии устои кафшдӯз дод. Модар ҳарчанд бори гарони зиндагиро бар дӯш гирифта буд, боз ҳам мехост писараш саводнок бошад ва Муҳаммадҷонро ба мактаб дод. Вай дар мактаби кӯҳна хонда, мустақилона бо ашъори баландмазмуни Ҳофиз, Саъдию Бедил шинос шуда, саводашро пурра мекард.

Духтари  Муҳаммадҷон Қосимов Сулҳия Қосимова меҳри беандозаи падарро нисбат ба ашъори классикон ёдовар шуда, нақл мекунад, ки «падарам дар вақтҳои холигӣ ҳамаи фарзандонро дар гирди худ ҷамъ карда, рубоӣ ва ғазалҳои Ҳофизу Саъдиро мехонданд. Вақте мо маънои мисраъҳоро намефаҳмидем, ба мо ҳар кадом байтро дар алоҳидагӣ маънидод мекарданду боз мегуфтанд, ки ҳар яки ин мисраъҳо чанд паҳлу дорад ва ҳар кас онро ҳар ҳел мефаҳмад. Гоҳо тарҷумаи русии эҷодиёти он шоиронро хонда, бо таассуф мегуфтанд, ки тарҷумаи русӣ маънои пурра ва аслии  ин ғазалҳоро намедиҳад».

Пас аз инқилоби Октябр барои Муҳаммадҷон Қосимов ҳаёти нав оғоз гардид. Вай соли 1927 барои идомаи таҳсил ба Техникуми кооперативии Тошканд дохил шуд. Муҳаммадҷон якумин бор маҳз дар Тошканд спектаклеро тамошо карда, баъд аз бозгашт қарор дод дастаи драмавӣ ташкил кунад. Дар ин даста ӯ ба ғайр аз корҳои ташкилӣ ҳам вазифаи коргардон ва ҳам вазифаи луқмадеҳ (суфлёр)-ро иҷро мекард.

12 январи соли 1931 Муҳаммадҷон Қосимов ҳунарпешаи Театри давлатии драмавии тоҷик гардид. Ин ҷавони бистусесола барои ташкили театри миллӣ заҳмати зиёд кашид. Муҳити театрӣ дар хонадони ҳунарманд аз солҳои аввали фаъолияташ ба вуҷуд омада буд. Оғози соли 1946 Муҳаммадҷон Қосимов ба ҳунарпешаи шинохта Мушаррафа Орифова (сипас Қосимова) оиладор мешавад.

Муҳаммадҷон Қосимова аз овони ҷавонӣ дар саҳнаи тоҷик ҳунарнамоӣ карда, бо намоишҳои театрӣ дар ноҳияву деҳаҳои Тоҷикистон баромад мекард ва доимо дар байни мардум  буд. Ҳунарманд дар намоишҳои «Балво», «Ғалаба», «Калтакдорони сурх», «Восеъ», «Туҳмат», «Ба ҷанг» «Шоҳ Лир», «Рӯдакӣ», «Ҳуррият»  ва ғайра нақш офаридааст. Инчунин дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва пас аз он дар филмҳои «Писари Тоҷикистон», «Дохунда», «Қисмати шоир», «Байрақи оҳангар», «Достони Рустам» ва ғайра нақш бозидааст.

То имрӯз шуҳрати Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо дар байни халқ боқӣ монда, фарзандони онҳо касби волидайнро идома доданд.

Бояд гуфт, ки Муҳаммадҷон Қосимов дар рушду нумуи театру кинои тоҷик саҳми беназир дорад. Ҳунарманд, пеш аз ҳама, дар иҷрои нақшҳои калони драмавию фоҷиавӣ дар театр комёб гардид. Образҳои офаридаи ӯ, ки сиришти поки инсонӣ доштанд, барҷастаю бошукуҳ баромада, дар ёди мардум боқӣ мондаанд.  Кору пайкори ин ҳунарманд ҳамеша шоистаи таҳсину офарин аст.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 9, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ОМОРИ МУОСИР ВА ЗАРУРАТИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ РАҚОБАТПАЗИР. Андешаҳо дар ин маврид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид
Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: абармарди сиёсат, ҳақиқатнигори таърих, ҳувиятофари миллат» конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшон баргузор мегарданд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самтҳои асосии рушди мамлакат қабул гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН — ЗАМИНА БАРОИ ИМКОНОТИ НАВ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд