Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Озарбойҷон Самир Рауф доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Рауф доир гардид.
Зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳанг ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ба саҳм ва нақши кишварҳо дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар партави муносибатҳои самимӣ ва дӯстонаи роҳбарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиев баҳои баланд дода, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу иқлим таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкорӣ ва равобити босамари Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид






