Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати Шоҳигарии Белгия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо Президент, мудири иҷроияи маҷаллаи «Diplomatic World», ҳаммуассиси Институти «Diplomatic World» Барбара Дитрих ва мудири барномаи «Diplomatic World» Алберто Тукстра мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки «Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро яке аз шарикони муҳим барои рушд медонад. Мо аз Иттиҳоди Аврупо барои кумакҳои пайвастааш дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, кишоварзӣ, рушди иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва дипломатияи об изҳори сипос менамоем».
«Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамкории дарозмуддат ва устувори мутақобили судмандро бо Иттиҳоди Аврупо ва Парламенти Аврупо дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар ривоҷ диҳад. Дар 6 соли охир мо шоҳиди гармшавии бесобиқаи иқлим гаштем, ки хушксолӣ, обхезӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш, инчунин хисороти зиёд ба бор овард. Соли 2025 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Соли ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, қатънома қабул гардид»,- гуфт Мавсума Муинӣ.
Иброз гардид, ки тибқи Ёддошти тафоҳум байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Шоҳигарии Белгия гурӯҳи дӯстӣ таъсис дода шудааст.
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як шумораи маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic World» пурра ба Тоҷикистон бахшида шудааст.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






