Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ дар Пекин иштирок намуданд

Май 1, 2025 08:50

ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 апрел намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаласаи машваратии соҳавӣ  иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи андоз хабар медиҳад, ки  ҷаласаи машваратӣ ҷиҳати  омодагии  сатҳи баланд  ба  баргузории  Форуми роҳбарони мақомоти андози   Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи андоз дар доираи ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» (BRITACOM- BRITACOF) баргузор гардид.

Дар ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои ташкили фаъолияти гурӯҳҳои кории Нақшаи амал барои солҳои 2025-2027, омодагӣ ба Форуми 6-уми роҳбарони мақомоти андози   Механизми ҳамкорӣ дар соҳаи андоз дар доираи ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” ва  таҳияи нақшаи кори инноватсионӣ барои  панҷ соли оянда муҳокима шуданд. Аз рӯйи натиҷаи он қарорҳои дахлдор, аз ҷумла барномаи кории Форуми навбатӣ тасдиқ карда шуд, ки  моҳи сентябри соли 2025 дар Непал баргузор мегардад.

Муовини якуми Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода дар ҷаласа оид ба рушди маъмурикунонии андоз ва рақамикунонии соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуд.

Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи машваратӣ вохӯрии Аюбҷон Солеҳзода бо муовини Комиссари маъмурияти давлатии андози Ҷумҳурии Мардумии Чин Ванг Даошу баргузор шуд. Дар вохӯрӣ  оид ба нақши  сармоягузории  Чин  дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳамкории  Кумитаи андоз бо мақомоти андози  Чин табодули афкор карда шуд

АКС: Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2025 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид