Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи ҷаҳонии зиддикоррупсионӣ дар Боку иштирок намуданд

Май 24, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 24.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20-23 май намояндагони  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсия муборизабаранда дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласа барои таҳким бахшидани муносибатҳои байналмилалӣ ва муайян намудани чораҳои муосири муқовимат ба коррупсия равона шуда, дар он зиёда аз 120 намояндаи мақомоти зиддикоррупсионӣ аз 92 давлати дунё иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа аз фаъолияти Шабака дар давраи соли 2024, корҳои анҷомдодашуда ва натиҷаҳои ноилгашта, таҷрибаҳои пешақадам ва чораҳои муассир дар самти муқовимат ба коррупсия, ҳамкории ҷойдошта байни аъзои Шабака, роҳҳои тақвияти робитаи ҷонибҳо, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Шабака ва чораҳои ҳалли он натиҷагирӣ карда шуд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 24, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд