НАМУНАИ ИБРАТ. 40 сокини ноҳияи Данғара маблағи ҳаҷро дар корҳои ободонӣ сарф намуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол 80 сокини ноҳияи Данғара барои адои маросими ҳаҷ номнавис шудаанд. Аз ин шумора 40 нафар аз рафтан ба ҳаҷ даст кашида, маблағҳои бо ин мақсад пасандозкардаашонро барои корҳои хайр ва ободонии ноҳия сарф намуданд. Ин иқдом қобили таҳсин ва дастгирӣ мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 май зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара ибрози назар намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат, танҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корез бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 5 мактаб барои 4800 хонанда, кӯдакистон, муассисаҳои тандурустӣ ва 7 корхонаи истеҳсолӣ сохта шудаанд.
Дар робита ба ин Пешвои миллат ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва вазорату идораҳое, ки масъули иҷрои корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд, супориш доданд, ки таҷрибаи ҷамоатҳои деҳоти Пушинг ва Корезро омӯзанд ва барои сари вақт ва босифат иҷро намудани нақшаҳои пешбинигардида истифода намоянд.
«Ободиҳое, ки дар ноҳияи Данғара ва деҳаҳои он дидед, таҷрибаи хуби ба созандагию ободонӣ ҷалб намудани соҳибкорон ва аҳолӣ мебошад»,-афзуданд Сарвари давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «дар робита ба амалисозии корҳои неку созандаи мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла соҳибкорону сокинони ноҳияи Данғара ва саҳмгузорӣ дар ободонию пешрафти мамлакат бори дигар ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли сокинони Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Тоҷикистон сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям».
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






