Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд: «Мо дар ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ кумак менамоем»

Май 30, 2025 11:25

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ман хеле шод ва сипосгузор ҳастам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ чунин чорабинии васеъмиқёс баргузор намуда, тамоми ҷаҳонро ба таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба чунин мушкилии муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ даъват менамояд. Чунин иброз намуд ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг зимни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо.

Ингминг Янг изҳор дошт, ки обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомидании сокинони сайёра мебошанд, метавонад боиси коҳишёбии минбаъдаи сарчашмаи оби ошомидании тоза гардида, аҳолии ҷаҳонро ба ҳодисаҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.

«Танҳо дар Осиё ҳаёти беш аз 2 миллиард нафар дар зери хатар қарор дорад. Аз ин хотир Бонки Осиёии рушд ҳамчун шарики боэътимод дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар ҳалли ин мушкилоти мураккаб кумак менамояд. Дар Осиёи Марказӣ, ки дар он пиряхҳо то 70% маҷрои дарёҳоро ташкил медиҳанд, Бонки Осиёии рушд ташаббуси тағйирёбандаро бо номи «Пиряхҳо дар хоҷагиҳо» оғоз намуд. Тавассути ин барномаи пешрафтаи минтақавӣ мо ба истифодаи устувори об ва амнияти озуқаворӣ дар нуҳ давлат, аз ҷумла Тоҷикистон мусоидат менамоем», -афзуд ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд.

Ингминг Янг изҳор дошт, ки якҷоя бо Фонди Иқлими Сабз мо мақсад дорем, ки 3,5 миллиард доллари ИМА-ро барои сармоягузориҳои мутобиқшавӣ тавассути пиряхҳо ба хоҷагиҳо, аз ҷумла ба бахши хусусӣ равон кунем. Мехостам таъкид намоям, ки шарикон, ба монанди Фонди Иқлими Сабз ва бахши хусусӣ дар пешбурди мудохилаҳои инноватсионии мутобиқшавӣ ба иқлим барои бахшҳои осебпазири минтақаи мо, аз ҷумла кишоварзӣ, об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳим мебошанд.

Иброз гардид, ки Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки аз ҷониби Бонки Осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дастгирӣ мешавад, тавассути мусоидат ба табодули дониш ва муколамаи сиёсӣ байни кишварҳо оид ба идоракунии захираҳои об ба ҳамкории бештар мусоидат менамояд.

Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд даъват ба амал овард, ки пеш аз ҳама, мо бояд ҳамкории ҳукуматҳо, ҷамоатҳо ва бахши хусусиро вусъат диҳем.  «Дуюм, бояд ба кишварҳо дар иваз кардани сӯзишвории истихроҷшаванда ба энергияи тоза ба тавре, ки ба дастрасии энергетикӣ ва рушди иқтисодӣ осеб нарасонанд, кумак расонида шавад. Ин роҳи боэътимоди суст кардани ақибнишинии пиряхҳо ва устувории рушд аст. Тарҳи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон намунаи хуб аст», -таъкид намуд  Ингминг Янг.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббуси Тоҷикистон оид ба ҳифзи кафтори рахдор дар COP-20 дастгирӣ ёфт
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
COP30. Дар Бразилия саҳми Тоҷикистон дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид гардид
Дар Бразилия барномаҳои Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муаррифӣ карда шуданд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
COP 30 ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон