Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд: «Мо дар ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ кумак менамоем»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ман хеле шод ва сипосгузор ҳастам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ чунин чорабинии васеъмиқёс баргузор намуда, тамоми ҷаҳонро ба таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба чунин мушкилии муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ даъват менамояд. Чунин иброз намуд ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг зимни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо.
Ингминг Янг изҳор дошт, ки обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомидании сокинони сайёра мебошанд, метавонад боиси коҳишёбии минбаъдаи сарчашмаи оби ошомидании тоза гардида, аҳолии ҷаҳонро ба ҳодисаҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
«Танҳо дар Осиё ҳаёти беш аз 2 миллиард нафар дар зери хатар қарор дорад. Аз ин хотир Бонки Осиёии рушд ҳамчун шарики боэътимод дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар ҳалли ин мушкилоти мураккаб кумак менамояд. Дар Осиёи Марказӣ, ки дар он пиряхҳо то 70% маҷрои дарёҳоро ташкил медиҳанд, Бонки Осиёии рушд ташаббуси тағйирёбандаро бо номи «Пиряхҳо дар хоҷагиҳо» оғоз намуд. Тавассути ин барномаи пешрафтаи минтақавӣ мо ба истифодаи устувори об ва амнияти озуқаворӣ дар нуҳ давлат, аз ҷумла Тоҷикистон мусоидат менамоем», -афзуд ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд.
Ингминг Янг изҳор дошт, ки якҷоя бо Фонди Иқлими Сабз мо мақсад дорем, ки 3,5 миллиард доллари ИМА-ро барои сармоягузориҳои мутобиқшавӣ тавассути пиряхҳо ба хоҷагиҳо, аз ҷумла ба бахши хусусӣ равон кунем. Мехостам таъкид намоям, ки шарикон, ба монанди Фонди Иқлими Сабз ва бахши хусусӣ дар пешбурди мудохилаҳои инноватсионии мутобиқшавӣ ба иқлим барои бахшҳои осебпазири минтақаи мо, аз ҷумла кишоварзӣ, об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳим мебошанд.
Иброз гардид, ки Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки аз ҷониби Бонки Осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дастгирӣ мешавад, тавассути мусоидат ба табодули дониш ва муколамаи сиёсӣ байни кишварҳо оид ба идоракунии захираҳои об ба ҳамкории бештар мусоидат менамояд.
Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд даъват ба амал овард, ки пеш аз ҳама, мо бояд ҳамкории ҳукуматҳо, ҷамоатҳо ва бахши хусусиро вусъат диҳем. «Дуюм, бояд ба кишварҳо дар иваз кардани сӯзишвории истихроҷшаванда ба энергияи тоза ба тавре, ки ба дастрасии энергетикӣ ва рушди иқтисодӣ осеб нарасонанд, кумак расонида шавад. Ин роҳи боэътимоди суст кардани ақибнишинии пиряхҳо ва устувории рушд аст. Тарҳи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар Тоҷикистон намунаи хуб аст», -таъкид намуд Ингминг Янг.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






