Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд НБО «Роғун»-ро ҳамчун рамзи пешрафт ва ояндаи дурахшони минтақа арзёбӣ намуд

Май 29, 2025 21:00

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд.

Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва иқтидори энергетикии он шинос шуда, нақши калидии неругоҳро дар таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ва минтақа баланд арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин ҳайати Бонки Осиёии рушд бо ҷузъиёти татбиқи лоиҳаи иншооти аср, тарҳрезии муҳандисӣ, тадбирҳои муҳофизати муҳити зист ва саҳми он дар рушди устувори иқтисодии кишвар шинос гардид.

Дар фарҷом Ингминг Янг ба Китоби ифтихории Неругоҳи барқи обии «Роғун — Кохи Нур» соядаст гузошта, аз шиносоӣ бо иншооти беназири энергетикӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ӯ неругоҳи «Роғун»-ро ҳамчун рамзи умед, рушду пешрафт ва ояндаи дурахшони минтақа арзёбӣ кард.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Май 29, 2025 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид