ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. Ҳаёт нишон дод, ки он ҳама бонги хатар ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон чӣ қадар бамаврид ва дурбинона будаанд

Май 31, 2025 09:03

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Об шудани пиряхҳо, хатарҳои экологӣ ва зиёни фоҷиабори ин амал ба ҳаёти одамон дар рӯи Замин ҳақиқатест, ки наметавон онро нодида гирифт ва нисбат ба он беэътино буд. Ин зуҳуроти беамон сол то сол ва беш аз пеш моро водор менамояд, ки оид ба хатару фоҷиа ва мушкилоти глобалие, ки бар сари инсоният меоянд, биандешем.  Имрӯз аллакай ва фардо бармалотар равшан хоҳад шуд, ки он ҳама бонги хатар ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифз доштани оби тоза ва гирифтани пеши роҳи обшавии пиряхҳо – ягона манбаи бузурги оби тоза, ки бе он ҳастии инсон гирифтори фоҷиаҳо мешавад, чӣ қадар бамаврид ва дурбинона будаанд.

Чунин изҳори андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло. Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф сари ин мавзуъ манзур мешаванд.

— Биёед, бубинем, ки ин фоҷиаҳо аз чӣ иборатанд? Имрӯз пиряхҳои олам бо суръати баланд об мешаванд. Олимони дунё муайян кардаанд, ки агар тамоми пиряхҳои олам об шаванд, сатҳи об дар рӯи Замин то 64 метр боло мебарояд. Ин на танҳо боиси зери об мондани қисмати бузурги сайёраи мо, маҳв шудани шаҳрҳою кишварҳо мегардад, балки дар ҳамаи гӯшаҳои Замин одамонро бо мушкилоти гарони зиёде, ки инсон ҳанӯз  дар ҳалли он дасткӯтоҳ аст, рӯ ба рӯ мегардонад.

Дар айни замон беш аз 3 миллиард сокинони Замин аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва тибқи иттилоъ, соли 2025 ин теъдод ба 4 миллиард хоҳад расид. Муайян карда шудааст, ки дар айни замон дар сайёра ҳамарӯза аз 800 то 900 кӯдаки то 5-сола аз норасоии оби тоза мефавтад.

Метавон ифтихор намуд, ки талошҳои Тоҷикистон ва Сарвари башардӯстамон барои муҳофизати иқлим ва оби тоза ҳанӯз аз соли 2009 дар Копенгаген, дар ҷамъомад оид ба тағйирёбии иқлим ва баъдан дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи роҳбарони  Эътилофи обу иқлим доир шуда буданд. Дар ин суханрониҳо ҳамеша аз тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои мудҳиши он бонги хатар зада шуд. Пешвои миллати мо аз таъсири рушди иқтисод, истеъмоли аз ҳад зиёди об, афзоиши босуръаи аҳолӣ дар рӯи Замин, таъсири гармшавии глобалӣ, ки боиси коҳиши пиряхҳо ва махзанҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва хусусан манотиқи кӯҳсор мегарданд, ҳамеша изҳори нигаронӣ намудаанд.

Пешниҳодҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараҳои манфиатбахши худро доданд, аз ҷумла Соли оби тоза эълон шудани соли 2003 ва дар Душанбе доир кардани Форуми байналмиллалӣ оид ба оби тоза, дар асоси Эъломияи Душанбе қабул шудани қатъномаи дахлдор ва дар асоси он солҳои 2005-2015 эълон шудани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки ҳамаи ин нақши боризи худро барои иҷрои амалҳо вобаста ба ҳифзи обу табиат гузоштанд.

Маҳз дар асоси ин иқдом Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи  мушкилоти об танҳо давоми 20 соли охир панҷ қатънома қабул намуд, ки нишони эътирофу эҳтироми баланд ва далели мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Ба ин далелҳо метавон илова кард, ки ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар мавриди беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ ва дар масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд ворид гардида, дар таърихи рушди инсоният саҳифаҳои тозае боз намуданд.

Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон- дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март- ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқбол ва дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Он  ҳадафҳои баланди ҷустани чораҳо барои пешгирии хатарҳои экологии сайёраро пайгирӣ менамояд.

Натиҷаҳои самараноки ин иқдом чунин буд, ки дар асоси ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт.

Бешубҳа, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ биандешад.

Имрӯзҳо мо шоҳиди амалӣ шудани яке аз ташаббусҳои дурахшони Президенти Тоқикистон-  баргузор гардидани  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе мебошем. Вақте ки  кулли донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳалли муаммои пиряхҳо ҷамъ омадаанд, метавон умедвор шуд, ки  барои ҳифзи пиряхҳо ва гирифтани пеши роҳи обшавии онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Бояд гуфт, ки пешгирии ин зуҳуроти  хатаровар барои инсоният бе иштироки фаъоли ҳар инсони рӯйи Замин номумкин менамояд. Илова ба саҳмгузории давлатҳо, олимону мутахассисон, созмону ташкилоти байналмилалӣ ва истифодаи донишҳои замонӣ дар ин амал ҳамчунин иштироки фаъол ва ҳатмии ҳар сокини сайёра дар он ногузир аст. Зеро амалӣ гардидани  мақсадҳои гузошта аз ҳар як инсон  вобастагӣ дорад. Саволе ба миён меояд, ки оё имрӯз инсоният ба он сатҳе расидааст, ки ҳар як нафар чунин масъулиятро бар дӯш гираду барои амалӣ шудани он якдилонаю дастҷамъона  саҳм гузорад?!

Имрӯз дар истихроҷи газҳои сунъиву маводи заҳрноку зиёновар тавассути ҳазорон корхонаҳое, ки ҳавои табиатро вайрон мекунанд, ҳазорон тонна партовҳо ва хусусан пластикаҳои зиёновар, ки рӯз то рӯз замини моро маҳв менамоянд, саҳми мо, инсонҳо ҳам ҳаст.

Дар масъалаи гирифтани пеши роҳи обшавии пиряхҳо, дидани чораҳои фаврӣ барои ҳифзи табиат, кам кардани таъсири зиёновари ин зуҳурот, ба андешаи мо, дар мамлакати кӯҳистони мо ду амали фаврӣ зарур аст. Амали аввал- барқарор кардани ҳамаи ҷангалҳои буридаю азбайнрафта ва амали дуюм, зиёд кардани теъдоди обанборҳо дар кӯҳистон аст.

Шарҳи ин пешниҳод чунин аст, ки аксари қаторкӯҳҳои давлатамон, ки мо худамон шоҳидем, аз ҷумла, қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон  дар натиҷаи буришу маҳви бераҳмонаи худи сокинон давоми 60-70 соли охир аз ҷангалзори анбӯҳ ба мавзеъҳои бедолу  дарахт табдил ёфтанд. Худи мо дар замони кӯдакиамон шоҳиди он будем, ки масалан, ҷангалзори Кӯли Калон он қадар анбӯҳ буду дарахтҳо зиёд нумӯъ доштанд, ки кас намедид, ду се қадам пеш кӣ меояд. Имрӯз ин ҷангалзор ба куллӣ нест шудааст. Баробари маҳв шудани ҷангал гулу сабза ва буттаҳои дигар, ки садҳо ранг руста  буданд, низ маҳв шуданд, тамоми намуди ҷонварон: хирсу палангу гургу рӯбоҳу ҳаргӯш, тамоми намуди парандагон, аз ҷумла, мурғи  ҳилолу кабки сор фирор карданд.

Акнун, ки мо дар бораи ҳифзи манбаъҳои об бонги хатар мезанем, бояд бидонем, ки ҳар дарахт дар кӯҳистон тавассути решаҳои худ теъдоди бузурги об- садҳо литрро нигоҳ медорад. Тасаввур кунед, ки як ҷангали кӯҳистон бо обҳои маҳфуз дар решаи дарахтони худ- ҳар яке як  манбаи оби пок, яъне, як баҳри саршори об дар кӯҳистон аст. Маҳви дарахтон ва ҷангалзор дар кӯҳистон на танҳои боиси хушксолӣ дар худи кӯҳистон ва поёноби он, балки бо ҳар бориш боиси зиёд шудани селҳо дар кӯҳистон мегардад, ки солҳои охир ба сари мардум ва заминҳояшон вайронию харобиҳои зиёде меоранд.  Маҳз ҷангалҳо буданд, ки пеши роҳи ин ҳама селҳоро мегирифтанд.

Чораи дуюм дар ҳифзи обу табиат дар кӯҳистони мо, ки бояд ногузир амалӣ шавад, зиёд кардани теъдоди обанборҳо дар кӯҳистон аст. Дар ҳолате, ки бунёди  фаврии обанборҳо дар кӯҳистон сахт мушкил аст, бояд аз обанборҳои худи табиат, яъне кӯлҳои мавҷуда дар табиат истифода бурд. Ин кӯлҳо, ки худи табиат онҳоро бунёд ниҳодаасту теъдодашон дар кӯҳистони мо хеле зиёд аст, хеле қавитару дилпуртар ҳам мебошанд. Ба мо одамон зарур меояд, ки ин обанборҳои  табиатро бозсозӣ кунем, онҳоро амиқтар ва васеътар гардонем, албатта, дар пояи илмӣ, то миқдори ҳарчи бештари обҳоро дар худ маҳфуз доранд.

Мо шоҳидем, ки Пешвои миллатамон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини омадан ба сари давлатдорӣ худ ташаббус нишон дода, ба ҳашари ниҳолшинонӣ баромада буданду ин иқдом сол то сол доманаи васеътар мегирад.  Барномаи нави миллии Тоҷикистон, ки низ бо ташаббуси Пешвои миллат таҳти  унвони «Кишвари сабз» барои  солҳои 2023 – 2027 қабул шудааст, амнияти экологии давлатро таъмин намуда, дар барқарор гардидани ҷангалзор дар кӯҳистон мусоидат хоҳад кард. Дар барномаи «Кишвари сабз» омадааст, ки ҳадаф коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисоди «сабз», таъмини устувори табиӣ тавассути васеъ намудани майдони ҷангалҳо ва боғу токзор мебошад.

Умедворем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони ҷаҳонӣ самараҳои нек ва барномаи муайяне рӯи кор меорад, ки дар ҳалли ин мушкилии глобалӣ нақши бузург мегузоранд.

Мо умед дорем, ки иқдоми пай дар пайи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташавишу изтироб овардааст, нақши бориз мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯзҳо пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Май 31, 2025 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад