ОГОҲӢ. 22-23 май дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон борони пуршиддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22-23 май дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боронҳои пуршиддат меборанд. Дар ин хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
23-24 май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва 23 май дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ (тӯфоне, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба ҷумҳурӣ ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) дар назар аст.
Масъулини Кумита ба аҳолии дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳӣ истиқоматкунанда, сокинон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳанд, ки дар ин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, хӯроки чорво, гиёҳҳои шифобахш ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд. Инчунин сайёҳоне, ки нақшаи сафар бо роҳҳои кӯҳиро доранд, бояд эҳтиёткор бошанд.
Сокинон бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳои назди манзили зисташонро сари вақт тоза намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон ёдрас менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ба таври ҷиддӣ риоя кунанд.
Бояд гуфт, ки ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ барои беморони гирифтори касалиҳои диабети қанд, дилу раг ва гипертония метавонад мушкилот эҷод кунад. Аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки ҳавои манзили худро пайваста тоза намуда, дар ҳолати зарурӣ пӯшидани ниқобҳои тиббиро фаромӯш насозанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






