ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 май дар Тоҷикистон тӯфони чангу ғубори шиддатнок пешгӯӣ мешавад, ки аз шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии ҷумҳурӣ ба вуҷуд меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад.
Дар аксари минтақаҳои мамлакат консентратсияи зарраҳои муаллақи андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) ва 10мкр (Рм-10) аз меъёрҳои муқаррарӣ хеле зиёдтар пешгӯӣ мешавад, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин гуна зарраҳо ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва одамони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар ин ҳолат, бино ба тавсияи Агентӣ кӯдакон ва наврасон, пиронсолон, занони ҳомила, одамони гирифтори бемориҳои системаи нафаскашӣ, одамони гирифтори бемориҳои дилу раг, шахсони масунияташон суст то ҳадди имкон бе зарурат аз хона набароянд.
Ҳамзамон сокинонро мебояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, фаъолияти ҷисмониро дар беруни бино маҳдуд созанд. Ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафаси бронхиалӣ тавсия дода мешавад, ки зуд-зуд ҳавои хонаро тоза карда, саломатиашонро эмин нигоҳ доранд.
Дар ин рӯзҳо одамон бояд бештар оби тоза нӯшанд, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, хуб аст. Тавсия дода мешавад, ки тирезаҳои хона пӯшида бошанд ва ҳавои дохили хона пайваста тоза нигоҳ дошта шавад. Бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро набояд фаромӯш кард. Тирезаҳои хонаро бо дока ва ё тӯр бипӯшед, то хатари вуруди ҳар гуна моддаи хатарнок кам шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






