ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Қабули он зарурати воқеӣ ва танзими он баракати зиндагӣ гардид

Май 30, 2025 08:29

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 майи соли 2007 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. 8 июн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қонун имзо гузоштанд, ки соли равон ба  қабули  он 18 сол пур мешавад. Ҳамзамон 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он моддаҳои 428, 448, 568, қисми 1, моддаи 285, 580, 392 аз эътибор соқит дониста шуданд.

Бояд гуфт, ки то қабул гардидани ин қонун дар мамлакат баргузории маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда, тӯйҳои арӯсию домодии миёншикан, хурофотпарастӣ ва хароҷоти маросими таъзия ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасониданд. Баъзе аз шаҳрвандон ҳатто дар иду ҷашнҳои миллӣ ва анъанавӣ ба зиёдаравӣ роҳ дода, бо гирифтани қарзи миёншикан намоишкорона дастархон меоростанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мулоқоту суҳбат бо сокинони минтақаҳои гуногуни мамлакат, хусусан дар вохӯриҳояшон бо занони фаъоли ҷумҳурӣ ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зоҳирпарастӣ ва зиёдаравӣ дар мавриди гузаронидани ҷашну маъракаҳо ва оростани дастархони идона, хусусан занонро ба сарфаю сариштакорӣ дар рӯзгор ва самаранок истифода намудани буҷети оилавӣ ҳидоят менамоянд.

Қабули ин қонун зарурати воқеӣ буд. Тавре Пешвои миллат изҳор намуда буданд: «… то расму ойин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаю зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем». Воқеан ҳам имрӯзҳо таҷриба нишон дод, ки танзими анъана ва ҷашну маросим баракати зиндагӣ буда, бешубҳа, ин қонун ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ равона гардидааст.

Қабл аз қабули қонун ҷомеаи Тоҷикистон гирифтори «беморӣ»-и расму одатҳои сермасрафи хурофотӣ буд

         Ба андешаи коршиносон, ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму оинҳо интишор шуд, ки он вақт қариб 80 фоизи сокинони мамлакат камбизоат буданд. Фарҳанги динии мардум дар дараҷаи паст қарор дошт ва онҳо урфу одатҳои хурофотиро ҳамчун урфу одатҳои динӣ қабул намуда, байни ҳам дар баргузор намудани маъракаҳои серхароҷот мусобиқа менамуданд ва ин ҳолат боиси афзудани сафи камбизоатҳо гардид. Маблағҳои зиёде  сарфи маъракаҳои хурофотии сермасраф мегардиданд. Ҳамон вақт Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки «маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи Ислом торафт дур рафта, имрӯз дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки беш аз нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст». Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон он солҳо ҳақиқатан гирифтори «беморӣ»-и урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ гардида буд ва ба таҳаввулоти фикриву иқтисодӣ ва мафкуравию иҷтимоӣ ниёз дошт.

Бо гузашти 18 сол то ҳанӯз ҳам баъзе аз ҳамватанони мо ҳангоми оростани дастархони  иду ҷашнҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд, ки ин амали онҳо ҳам аз нигоҳи динӣ ва ҳам дунявӣ дуруст нест. Бояд таъкид намуд, ки мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ машҳур аст, аммо бо вуҷуди ин дар рӯзи иду ҷашн набояд дар оростани дастархони пурдабдаба ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳем. Ба тақлидкорию маъракаороии серхарҷу бемаврид роҳ надиҳем, то буҷаи хонаводаро ба боди фано набарем.

Тавре зимни нишасти матбуотӣ соли 2024 Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иттилоъ дода буд, соли 2024 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маблағи умумии ҷаримаҳои муқарраргардида 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомониро ташкил намуд.

Раиси кумита иброз намуд, ки соли 2024 дар ҷумҳурӣ вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1435 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   609 ҳолат зиёд мебошад. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 114 ҳазору 853 маърака ва маросим сабт гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   506 маърака кам мебошад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму ойинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад. Вале аз омор маълум мегардад, ки дар ҷумҳурӣ то ҳанӯз ҳолатҳои риоя нагардидани тартиби гузаронидани ҷашну маъракаҳо вуҷуд доранд.

«Новобаста ба кам сабт шудани маърака ва маросим дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, ҳуқуқвайронкунии зиёд ба қайд гирифта шудааст. Далели ин дар 1409 ҳолат таъйин гардидани ҷазо мебошад»,-гуфт Сулаймон Давлатзода.

Сабти маъракаю маросим кам, вале қонунвайронкуниҳо зиёд

         Муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода дар робита ба кам сабт шудани маъракаю маросим, вале дар айни замон зиёд будани қонунвайронкуниҳо изҳор намуд, ки яке аз омилҳои зиёд шудани миқдори қонунвайронкуниҳо баъд аз таҳрири нав қабул шудани қонун мебошад. Зеро қаблан ҷаримабандиҳо ба категорияҳо тақсим намешуданд, дар таҳрири нави қонун он ба категорияҳои муайян тақсим гардид.

«Тибқи таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ваколати комиссияҳои доимии мақоми ваколатдор, аз ҷумла комиссияи ҷамъиятӣ зиёд шуд. Ҳамзамон нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва ходимони дин масъулият зиёд гардид. Аз ин рӯ дар самти назорати риояи қонун дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан комиссияҳои доимӣ назорат пурзӯр карда шуд»,-иброз дошт ӯ.

Баъд аз таҳрири нав ба қонун вобаста ба уҳдадории шаҳрвандон дар моддаи 18 ворид карда шуд, ки ҳангоми муроҷиат накардан ба комиссияи доимӣ ин амал метавонад сабаби мавриди ҷавобгарӣ қарор гирифтани шаҳрвандон шавад.

Фаррухулло Олимзода изҳор намуд, ки шаҳрвандон бо мақсади шинос шудан бо талаботи қонун ва меъёрҳои он бояд ба комиссияи доимӣ муроҷиат кунанд ва дар доираи ин талаботи қонун маъракаҳои худро доир намоянд. «Яке аз бандҳои тағйироте, ки ворид шуд, вобаста ба бақайдгирии электронӣ мебошад, ки ин аз як ҷиҳат ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ равона шуда бошад, аз ҷиҳати дигар, осон гардидани татбиқи қонун мебошад. Ҳадафи мақоми ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашидан нест, балки яке аз равандҳои кори мо фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ мебошад»,-баён дошт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки 20 июни соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» имзо гузоштанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки он ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона шудааст.

Қонуни танзими Тоҷикистон- намуна барои ибрат

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан дар танзими анъанаю оинҳои мухталифи ҷамъиятӣ, аз ҷумла тӯй, маросими дафн ва дигар чорабиниҳои муҳим бо мақсади пешгирӣ намудани хароҷоти зиёдатӣ ва муташаккилона гузаронидани расму таомул қадами муҳим гардид. Ин қонун тартиби гузаронидани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Як бахши муҳимми ин қонун ворид кардани муқаррароте буд, ки ба коҳиши сарбории молии оилаҳо, ҳамчунин талош барои маҳдуд кардани ҷашну маросими «дабдабанок»-и намоишӣ, ки сабаби уҳдадориҳои қарзӣ ва ташаннуҷи иҷтимоӣ мегардиданд, равона буд. Қонун як навъ намуна барои давлатҳои дигари минтақа, аз ҷумла Қирғизистон гардид, ки дар ин кишвар низ мушкилоти гаронии тӯю маъракаҳо мавҷуд аст.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба хабаргузории «Kazinform» хабар дод, моҳи январи соли равон вакилони парлумони Қирғизистон пешниҳод намуданд, ки ҳангоми баргузории анъана ва ҷашну маросим хароҷоти зиёдатӣ маҳдуд карда шавад. Дар лоиҳаи қонун пешниҳод гардида буд, ки чорабиниҳои зерини оилавӣ танзим карда шаванд: дар маросими дафн забҳи чорвои майда, асп ё чорвои калон иҷозат дода намешавад; иҷозат дода мешавад, ки пас аз се рӯзи дафни марҳум бо забҳи на бештар аз як асп ва ё гов маросими ёдбуд (қироати «Қуръон») баргузор карда шавад; гузаронидани ёдбуд (оши худоӣ) дар рӯзи сеюм, ҳафтум, чилум ва солгард манъ аст;  даъвати на бештар аз 250 нафар ба тӯй ва забҳи як гов ё асп иҷозат аст; «кизузату» (гусели арӯс) бо забҳи як гов ё асп анҷом дода шуда, на бештар аз 100 нафар даъват карда шаванд;

Ташаббускорони ин санад иброз медоранд, ки солҳои охир дар кишвар рӯйдодҳои номатлуби марбут ба ҷашну маърака ва маросими дафн, ки ба расму оинҳои аслии мардум мувофиқат намекунанд, афзоиш ёфта, ба вазъи молиявии хонаводаҳо хисороти ҷиддӣ ворид мекунанд. Лоиҳаи қонун ба бартараф намудани дуршавӣ аз арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ- вақте ки урфу одат ва расму оин ба воситаи рақобати беасос ва ғурури хушку холӣ табдил ёфта, ҳадафашон нишон додани боигарӣ мебошад, равона шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар асри XXI замоне фаро расидааст, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо дар масъалаи беинсофона пур намудани дастурхон бо анвои хӯрдании зиёд, ки дар он барои афтодани сӯзан ҷое набошад, бояд бозандешӣ намоем. Бояд дарк намоем, ки пешниҳоди маводи хӯроквории фаровон болои дастархон ҷуз бефарҳангӣ ва аз роҳи исрофкорӣ ба буҷаи хонаводаи худ зиён овардан чизи дигаре нест. Набояд фаромӯш сохт, ки ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба беҳбудӣ ва рушди иҷтимоии давлат равона мегардад. Аз рӯи меъёрҳои қонун амал намудан ҳангоми иду ҷашнҳо ҳам ба фоидаи хонавода ва ҳам давлат аст. Зеро маҳз бо татбиқи амали санҷидашуда метавон роҳи дурусти зиндагиро пеш бурд ва бар нафъи худу ҷомеа кор намуд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Май 30, 2025 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОБИСТОН ФАРО МЕРАСАД. Имсол Тоҷикистонро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. Ҳаёт нишон дод, ки он ҳама бонги хатар ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон чӣ қадар бамаврид ва дурбинона будаанд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд
Директори Агентии обуҳавошиносӣ: «Конфронси имрӯза заминаи боэътимод дар самти ҳифзи пиряхҳо дар минтақа мегардад»
Дар доираи Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар Боғи кӯдакон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир мешавад
Дар Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак ифтитоҳ шуд
Раймундас Кароблис: «Шурои ҷавонон барои Осиёи Марказӣ ташкил карда мешавад»
Дар шаҳри Хоруғ оид ба ғизои мактабӣ ҷаласа доир шуд
«ЗАНОН ДАР ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Иштироки фаъолонаи занон дар идораи захираҳои обӣ ва устувории экологӣ муҳим аст
Сулаймон Зиёзода: «Тоҷикистон аввалин давлатест, ки дар Осиёи Марказӣ феҳристи хатари иқлимиро барои кӯдакон амалӣ менамояд»
Дар Тоҷикистон бо таъсири тағйирёбии иқлим шумораи кӯлҳои пиряхӣ ба 397 адад расидааст
Масъалаи ҳамкории илмӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд баррасӣ гардид