Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол

Май 25, 2025 08:00

25.05.2025, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Мухлисону дӯстдорони варзиши футбол!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Тоҷикистон дар саросари олам таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.

Як сол пеш, яъне 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол расман ба тақвими байналмилалӣ ворид гардид.

Қобили зикр аст, ки ин иқдоми созанда боз як далели нақши фаъол ва обрӯи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва саҳми он дар тақвияти арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла сулҳу дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиву ҳамкорӣ тавассути варзиш мебошад.

Футбол на танҳо яке аз намудҳои маъруф ва густаришёфтаи варзиш дар байни халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон аст, балки яке аз василаҳои муҳимми солимгардонӣ, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими руҳияи инсондӯстиву ҳамбастагӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо футбол дар кишвари мо дар марҳалаи нави рушд қарор дошта, шумораи ҳаводорону варзишгарон, махсусан, миёни наврасону ҷавонон пайваста афзуда истодааст.

Ин намуди зебои варзиш ҳоло на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар рушд ёфта, ҳамчун унсури муҳимми тарбияи ҷисмониву маънавӣ мавқеи хосса пайдо кардааст.

Бояд гуфт, ки рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бе бунёди инфрасохтори муҷаҳҳаз ва ба талаботи замони имрӯза мутобиқ гардонидани иншооти бунёдшаванда тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари кишвар беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд.

Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд.

Танҳо дар пойтахти мамлакат дар панҷ соли охир тавассути роҳандозии барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид.

Лозим ба ёдоварист, ки се барномаи давлатии рушди футбол барои солҳои 2012 – 2016, 2017 – 2021 ва 2021 – 2026 амалишавии васеи чорабиниҳоро таъмин намуда, ба таҳкими инфрасохтор ва оммавӣ гардидани футбол дар миқёси кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Илова бар ин, се барномаи таълимӣ ва тайёрии варзишӣ барои мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои кишвар, як барномаи таълимӣ барои машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, беруназдарсӣ ва дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ аз рӯйи намуди футбол қабул ва аз ҷониби масъулину мураббиёни соҳаи варзиши мамлакат амалӣ гардида истодааст.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ҳамкории самараноки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон мусобиқаҳои футбол дар қаламрави кишвар мунтазам баргузор гардида, ба ҷалби васеи ҷавонон, аз ҷумла духтарон ба ин намуди варзиш мусоидат карда истодааст.

Ҳамватанони азиз!

Натиҷаҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самараҳои сиёсати давлат дар самти варзиш мебошанд.

Ҷойи хушнудист, ки бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастаи миллии футболи кишварамон дар Ҷоми Осиё – 2023 ба марҳалаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё то марҳалаи нимниҳоӣ баромада, дар чемпионати ҷаҳон низ иштирок намуд.

Хотиррасон менамоям, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол моро водор месозад, ки минбаъд низ барои рушду оммавигардонии ин намуди варзиш дар кишварамон кӯшиши бештар намоем.

Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз дастовардҳои варзишгарони тоҷик ифтихор дорам ва тамоми масъулони соҳа, мураббиён, футболбозон ва алоқамандони ин намуди зебои варзишро бори дигар ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона табрик мегӯям.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки футбол дар Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдат, ифтихори миллӣ, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва омили муҳимми муаррифии давлати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз рушду инкишоф меёбад ва мухлисону ҳаводорони ин намуди варзиш аз дастовардҳои нав ба нави футболбозони тоҷик рӯҳбаланду сарфароз мегарданд.

Рӯзи ҷаҳонии футбол муборак бод, дӯстдорони варзиш!

Май 25, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд