Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст

Май 19, 2025 08:49

ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин омиле, ки боиси об шудани пиряхҳо гардидааст, ин тағйирёбии иқлим ва гармии ҳаво мебошад. Аз соли 2011 то соли 2024 забонаи пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтаву ин раванд бо суръат идома дорад. Ин матлабро сардори шуъбаи пешгӯӣ, иттилоот ва бойгонии  Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамлихо Ҷурабеков ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мутобиқи маълумоти мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, дар айни замон пирях дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дорад. Пиряхи Хирсон баъд аз охирҳои асри гузашта ҳамчун пиряхи даштӣ шинохта шудааст. Аз он шохобе бо номи Хирсдара ҷорӣ шуда, ба дарёи Абдуқаҳҳор – шохоби калони дарёи Ванҷ мерезад.

Пиряхи Хирсон дар баландии 4690 метр аз сатҳи баҳр сарчашма  гирифта, забонаи он дар баландии 2900 метр аз сатҳи баҳр ба охир мерасад. Дарозии умумии он ба 15,8 километр ва масоҳати умумияш ба 25,3 км2 баробар аст.

Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ пиряхи хавфноктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, ки бо ҳаракатҳои хавфноки худ диққати коршиносонро ба худ ҷалб намудааст.

Ин пиряхи бузург, ки дар ҳавзаи Ванҷ воқеъ аст, аз соли 1914 то соли 2002   7 маротиба ҳаракат намудааст. Хусусияти хоси пиряхи Хирсон аз он  иборат аст, ки дар қисми болоияш яхпораҳо ҷамъ гашта, баъд ба қисми поён фурӯ мерезанд. Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки ин яхпораҳо баробари ҷамъ омадан ҳамоно об мегарданд.

Дар замони муосир тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ба муҳити зист ва фаъолияти инсон ва табиат таъсир расонида, устувории биосфераро зери таъсири ҷиддӣ қарор додааст. Муҳаққиқон ва коршиносони соҳа сабаби  гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро ихроҷи газҳои гулхонаӣ, нобудсозии ҷангалзор (буридани дарахтон) ва ифлосшавии муҳити атроф аз партовҳои гуногун медонанд, ки таъсири он ба обшавӣ ва аз байн рафтани захираи пиряхҳо оварда мерасонад.

АКС: Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

Май 19, 2025 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ