Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин омиле, ки боиси об шудани пиряхҳо гардидааст, ин тағйирёбии иқлим ва гармии ҳаво мебошад. Аз соли 2011 то соли 2024 забонаи пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтаву ин раванд бо суръат идома дорад. Ин матлабро сардори шуъбаи пешгӯӣ, иттилоот ва бойгонии Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамлихо Ҷурабеков ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Мутобиқи маълумоти мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ, дар айни замон пирях дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дорад. Пиряхи Хирсон баъд аз охирҳои асри гузашта ҳамчун пиряхи даштӣ шинохта шудааст. Аз он шохобе бо номи Хирсдара ҷорӣ шуда, ба дарёи Абдуқаҳҳор – шохоби калони дарёи Ванҷ мерезад.
Пиряхи Хирсон дар баландии 4690 метр аз сатҳи баҳр сарчашма гирифта, забонаи он дар баландии 2900 метр аз сатҳи баҳр ба охир мерасад. Дарозии умумии он ба 15,8 километр ва масоҳати умумияш ба 25,3 км2 баробар аст.
Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ пиряхи хавфноктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, ки бо ҳаракатҳои хавфноки худ диққати коршиносонро ба худ ҷалб намудааст.
Ин пиряхи бузург, ки дар ҳавзаи Ванҷ воқеъ аст, аз соли 1914 то соли 2002 7 маротиба ҳаракат намудааст. Хусусияти хоси пиряхи Хирсон аз он иборат аст, ки дар қисми болоияш яхпораҳо ҷамъ гашта, баъд ба қисми поён фурӯ мерезанд. Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки ин яхпораҳо баробари ҷамъ омадан ҳамоно об мегарданд.
Дар замони муосир тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон ба муҳити зист ва фаъолияти инсон ва табиат таъсир расонида, устувории биосфераро зери таъсири ҷиддӣ қарор додааст. Муҳаққиқон ва коршиносони соҳа сабаби гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлимро ихроҷи газҳои гулхонаӣ, нобудсозии ҷангалзор (буридани дарахтон) ва ифлосшавии муҳити атроф аз партовҳои гуногун медонанд, ки таъсири он ба обшавӣ ва аз байн рафтани захираи пиряхҳо оварда мерасонад.
АКС: Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон








КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид






