Пиряхи Партияи гидрографии ҳавзаи дарёи Зарафшон 174 метр қафо рафтааст

Май 24, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 24.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Пиряхи Партияи гидрографии (ГГП) –и ҳавзаи дарёи Зарафшон аз соли 1968 то соли 2020 тақрибан 174 метр қафо рафтааст. Пиряхҳои боқимонда низ дар шароити номусоид қарор доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин пирях дар қисми болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷойгир буда, яке аз муҳимтарин объектҳои таҳқиқотии пиряхшиносӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад. Аз соли 2018 дар доираи ҳамкории байналмилалӣ бо Пажӯҳишгоҳи метеорологии Финландия дар наздикии пирях стансияи автоматӣ насб карда шуд, ки маълумоти ҳарсоатаро дар бораи ҳарорат, бориш, намнокӣ, суръату самти шамол ва дигар нишондиҳандаҳои обу ҳаво сабт менамояд.

Ин пирях дар шароити иқлимии кӯҳӣ қарор дошта, сатҳи он бо деворҳои сарбаста ва нишебии калон маҳдуд шудааст, ки сабаби фаромадани обу лой ва лағжишҳои барфӣ дар фасли гарм мегардад. Ин амалҳо, ки ҳамасола, махсусан моҳҳои июл–сентябр ба мушоҳида мерасанд, ба устувории сохтори сатҳи пирях таъсири мустақим мерасонанд.

Тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии сайёра дар назди инсоният масъалаҳои нав мегузорад. Ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаҳои охир оид ба вазъи пиряҳо ва таъсири ногувори тағйирёбии иқлим ба онҳо изҳори нигаронӣ менамоянд. Моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти мамлакат таъкид намуда буданд, ки «обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад».

Маҳз пиряхҳо моро бо об таъмин менамоянд ва он сарвати асосӣ ба ҳисоб меравад. Агар сатҳи об дар дарёю уқёнусҳо паст шавад, ин бешубҳа, ба иқтисодиёти давлат ва зиндагии сокинони мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, захираҳои об, ки мутаассифона, имрӯзҳо  зери таъсири шадиди тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд, дар ҳаёти сокинон нақши муҳим доранд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 майи соли равон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

АКС: Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

 

Май 24, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст