Президенти Тоҷикистон: «Хокборишҳои шадиди чанд даҳсолаи охир ба раванди обшавии пиряхҳо суръат мебахшанд»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.
«Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034» саҳми муносиб гузоранд».
Дар баробари сабабҳои асосӣ, ба мисли тағйирёбии глобалии иқлим ва олудашавии ҳаво, ки ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонанд, инчунин хокборишҳои шадид давоми чанд даҳсолаи охир ба ин раванд дар минтақаи мо суръат мебахшанд.
«Яке аз мушкилоти дигари ба пиряхҳо хос дар кишвари баландкӯҳи мо хатари кандашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад, ки дар натиҷаи он минтақаҳои аҳолинишин ва инфрасохтори онҳо хароб шуда, дар баъзе мавридҳо ҳатто талафоти ҷонӣ ба бор меорад. Дар баробари ин, баъзе аз пиряхҳои Тоҷикистон хусусияти лағжидан доранд, ки сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти ҷиддӣ мешаванд», -изҳор доштанд Президенти мамлакат.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки бо назардошти он ки пиряхҳои Тоҷикистон дар баландии аз сеюним ҳазор метр зиёд аз сатҳи баҳр ва дар минтақаҳои душворгузари кӯҳистон ҷойгир шудаанд, ба роҳ мондани ҳар гуна барномаҳо барои ҳифзи онҳо ба мушкилиҳои зиёд дучор мегардад.
Бинобар ин Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилот бо Тоҷикистон ҳамкории судманд намоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






