Президенти Тоҷикистон: «Соли 2025 соли гармтарин дар дунё буда, таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мушкил мегардад»

Май 27, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 27.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ карда шудааст. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 май зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «соли равон буҳронҳои глобалию минтақавӣ шиддат гирифта, таъсири таҳримҳои иқтисодию тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоъҳо вобаста ба амалӣ намудани боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус, нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома меёбанд.

Чунин омилҳо боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мегарданд».

Сарвари давлат бо таҳлили амиқи ин масъала иброз намуданд, ки «ин равандҳо барои давлати мо низ бетаъсир нестанд ва мо бояд барои пешгирии оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем.

Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида, барои кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем».

Гармии зиёд ва хушксолӣ ҳосили зироати ҷаҳонии кишоварзиро тадриҷан паст менамояд

«Ҳавои хеле гарм ва хушксолӣ ба ҳосилнокии зироат, бахусус ғалладонагиҳои асосӣ, аз қабили гандум, ҷав ва ҷуворимакка зарари ҷиддӣ расонидаанд»,-гуфта шудааст дар пажӯҳиши Стэнфорд, ки дар маҷаллаи «Proceedings of Academy of National Sciences» ба нашр расидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар додааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гармшавӣ ва ҳавои хушк омили асосии таъсир ба ҳосилнокии зироат буда, қариб дар ҳамаи минтақаҳои асосии кишоварзӣ зуд-зуд рух медиҳанд. Дар баъзе минтақаҳо мавсими кишт нисбат ба аксар фаслҳои 50 соли пеш гармтар буд. Дар таҳқиқот инчунин ба ду сабаби муҳиме ишора шудааст, ки тавассути онҳо системаҳо то ҳол пешгӯии оқибатҳои онро идора карда наметавонанд.

«Дар хабарҳо аксаран дар бораи хушксолӣ дар саросари ҷаҳон суҳбат мекунанд ва аз ман мепурсанд, ки оё ин таъсирот назар ба он ки интизор будем, зудтар ба амал наомадааст? Ин маро водор намуд ба он чизе, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии саросари ҷаҳон рух медиҳад, бодиққат назар намоям»,- мегӯяд муаллифи пешбари таҳқиқот Дэвид Лобелл.

Тибқи арзёбии муаллифони таҳқиқот, ҳосилнокии ҷав, ҷуворимакка ва гандум дар ҷаҳон назар ба замоне, ки тамоюлҳои иқлимӣ набуданд, 4-13% камтар шудааст.

«Аз бисёр ҷиҳат тағйироте, ки деҳқонон бо он дучор мешаванд, комилан ба пешгӯиҳои системаи иқлим мувофиқат менамоянд, аз ин рӯ таъсири умумӣ набояд тааҷҷубовар бошад»,-мегӯяд ҳаммуаллифи таҳқиқот Стефания Ди Томмасо.

Дар таҳқиқоти дигаре, ки моҳи март нашр шудааст, омадааст, ки чунин зироат, ба монанди қаҳва, какао, афлесун ва зайтун бо мушкилии таъминот ва болоравии нархҳо рӯбарӯ ҳастанд. Онҳо барои амнияти озуқаворӣ аҳамияти камтар доранд, аммо барои истеъмолкунандагоне, ки ба тағйирёбии иқлим диққати зиёд намедиҳанд, метавонанд ҷолибтар бошанд.

Тағйирёбии иқлим ба кишварҳои африқоӣ бештар зарар мерасонад

Обхезиҳои харобиовари моҳҳои охир ҳазорон сокинони деҳоти Судони Ҷанубиро бе чизи заруртарин барои зиндагӣ- чорвои калон гузоштанд. Говону бузҳо дар ҳаёти мардуми ин минтақа, аз ҷумла зимни баргузории издивоҷ ва анъанаҳои фарҳангӣ нақши марказӣ доранд. Таъсири азими тағйирёбии иқлим ба вайроншавии тарзи чандинасраи зиндагии онҳо таҳдид менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Ахбори СММ» хабар додааст.

Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) чанде қабл дар баёнияи матбуотияш хабар дод, ки «обу ҳавои шадид ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба тамоми ҷабҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Африқо таъсир расонида, гуруснагӣ, ноамнӣ ва ҷойивазкунии аҳолиро бештар менамоянд».

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO), дар Африқои Шимолӣ тағйироти баландтарини ҳарорат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳисоби миёнаи солҳои 1991-2020 1,28 дараҷа зиёдтар аст. Ин ҳолат онро ба зерминтақаи хеле зуд гармшавандаи Африқо табдил додааст.

Соли 2024 қариб тамоми минтақаи уқёнусии атрофи Африқо дучори таъсири мавҷҳои гарми пуршиддат гардид. Ҳарорати сатҳи баҳр давоми тамоми таърихи мушоҳидаҳо баландтарин буд. «Махсусан сатҳи баландтарини афзоиши ҳарорати баҳр дар уқёнуси Атлантика ва Баҳри Миёназамин ба мушоҳида расид»,-гуфта шудааст дар изҳороти Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO).

Роҳбари Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) Селесте Сауло ҳушдор додааст, ки тағйирёбии иқлим мушкилии фаврӣ ва афзоянда дар тамоми қитъаи Африқо аст. Зимнан, агар баъзе кишварҳо бо обхезиҳои азим бар асари бориши аз ҳад зиёд мубориза баранд, бархе давлатҳои дигар аз хушксолии доимӣ ва норасоии об азият мекашанд.

Бо ишора ба осебпазирии хоси Африқо дар рӯ ба рӯйи хатари гармшавии сайёра Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) гуфтааст, ки обхезиҳо, мавҷҳои гармӣ ва хушксолӣ соли 2024 700 000 нафарро дар саросари қитъа маҷбур намуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Падидаи табиии Ал Нино дар солҳои 2023 ва 2024 фаъол буда, дар тақсими бориш дар саросари Африқо нақши муҳим бозид. Дар шимоли Нигерия дар натиҷаи обхезӣ дар моҳи сентябри соли 2024 230 нафар ҳалок шуда, 600 000 сокинон хонаҳояшонро тарк карданд. Офати табиӣ ба якчанд беморхона зарари ҷиддӣ расонид.

Баландшавии сатҳи обҳо, ки дар натиҷаи бориши шадиди боронҳо ба амал омад, Африқои Ғарбиро хароб карда, ба чаҳор миллион нафар зарар расонид. Зимнан Малави, Замбия ва Зимбабве аз хушксолии шадидтарин давоми ду даҳсолаи охир осеб диданд. Ҳосили ғалладонагиҳо дар Замбия ва Зимбабве нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи панҷ соли охир аз нисф камтар ҷамъоварӣ гардид.

Даҳсолаи гузашта дар таърихи тамоми мушоҳидаҳо дар Африқо аз ҳама гармтарин буд. Ҳарорати баланд аллакай ба таҳсили кӯдакон таъсир мерасонад: моҳи марти соли 2024 дар Судони Ҷанубӣ вақте ки ҳарорат ба 45 дараҷа расид, мактабҳо баста шуданд. Тибқи иттилои Фонди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), соли 2024 дар саросари ҷаҳон 242 миллион нафар хонандагон бинобар обу ҳавои фавқулода аз мактаб маҳрум шуданд, ки аксари онҳо аз Африқо ва ҷануби Сахара буданд.

Афзоиши ҳарорат боиси камбуди об ва ғизо дар Африқо мешавад ва аз ҳама бештар кишварҳои шимолии қора азият мекашанд. Шароити номусоиди обу ҳаво дар саросари Африқо монеи рушди кишоварзӣ шуда, одамонеро, ки аллакай бар асари ҷанг овора шуда буданд, маҷбур мекунад дубора кӯч банданд. Ҳамин тариқ, моҳи октябри соли гузашта аз обхезӣ 300 ҳазор сокини Судони Ҷанубӣ осеб диданд. Ин барои як кишваре, ки 13 миллион аҳолӣ дошта, аз низоъҳои шаҳрвандӣ ва набудани инфрасохтори пешрафта зарар дидааст, нишондиҳандаи қобили мулоҳиза аст.

Вакте ки Судони Ҷанубӣ аз обхезӣ азоб намекашад, дар он хушксолӣ ҷӯш мезанад. «Давра ба давра рух додани обхезӣ ва хушксолӣ сабаби он мегардад, ки кишвар давоми тамоми сол аз онҳо душворӣ мекашад»,-мегӯяд Мешак Мало, намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзӣ (ФАО) дар Судони Ҷанубӣ.

Солҳои охир обхезиҳо шиддат гирифта, хусусияти муттасилӣ ва босуръат касб намудаанд. «Дилхоҳ борон метавонад ба осонӣ фалокати навбатиро ба вуҷуд орад»,-меафзояд Мешак Мало.

Президенти Тоҷикистон дар ин маврид борҳо ҳушдор дода буданд

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон доир ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ ва афзоиши тӯфонҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.

Яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, гармои шадид дар саросари ҷаҳон ва эҳтимоли баландшавии ҳарорат дар кураи Замин мебошад.

Воқеан, тавре Президенти Тоҷикистон 17 августи соли 2024 зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иброз намуданд, «раванди тағйирёбии иқлим имрӯз нишони он аст, ки эҳтимол дар чанд соли оянда вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ гардем».

Воқеан, ин пешгӯии Президенти Тоҷикистон низ тасдиқи худро ёфт.

Тавре 14 ноябри соли 2024 АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар додааст, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар Боку дар мавриди тағйирёбии иқлим изҳори назар намуда, гуфтааст, ки соли 2025 метавонад гармтарин сол дар таърихи инсоният гардад.

Зимнан бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.

Ин конфронси байналмилалӣ, ҳамчунин Конфронси дарпешистодаи оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 дар Душанбе ва идомаи истифодаи платформаи «Раванди оби Душанбе» барои пешбарии масъалаҳои об далели пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои об дар миқёси ҷаҳон мебошанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Май 27, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МЕХОҲЕД ҲАМ ТАНУ ҲАМ РӮҲАТОН ОСОИШ ЁБАД? Пас барои табобату истироҳат ба Бадахшон биравед
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
БАҲРИ АРАЛ. Нигине, ки дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид, аз байн меравад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?
Меваҳои яхкардашуда манбаи витамину минералҳо буда, масуниятро баланд менамоянд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Дидгоҳи Президенти Тоҷикистон ба криосфера ҳамчун замина барои амнияти глобалӣ»
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ! Андешаҳои судяи Суди шаҳри Истиқлол Фарзона Ғафурзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани олуча хобро ба танзим дароварда, организмро барқарор мекунад