Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши нахустини «Осиёи Марказӣ ва Италия» иштирок ва суханронӣ намуданд

Май 30, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ ва идомаи анъанаҳои неки муколамаи созанда миёни Осиёи Марказӣ ва Италия хоҳанд шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, захираҳои об, тандурустӣ, кишоварзӣ ва илму маорифро муҳим шумориданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар робитаҳои кишварҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд.

Роҳбари давлат оид ба имкониятҳои Тоҷикистон дар пешбурди робитаҳои гуногунсамт андешаронӣ намуда, барои истифодаи васеи иқтидорҳои мавҷуда андешидани чораҳои самарабахшро зарур донистанд.

Баҳрабардорӣ аз захираҳои фаровони Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати кор дониста шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз доираҳои тиҷоратию сармоягузории Италия даъват намуданд, ки бо ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафта дар истихроҷ, коркард ва содироти маҳсулоти саноатию кишоварзии Тоҷикистон фаъолона иштирок намоянд.

Роҳбари давлати мо аз ҳамкории амалии Тоҷикистону Италия дар соҳаи саноати сабук ёдовар шуда, фаъолияти як қатор корхонаҳои нассоҷии кишвари моро бо сармоя ва технологияҳои ширкати италиявӣ намунаи возеҳи ин робитаҳо номиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки бо дарназардошти иқтидори кишварҳо ва талаботи бозор Хазинаи муштараки сармоягузории Осиёи Марказӣ бо Агентии содиротӣ — қарзии Италия (SACE) ва намояндагии тиҷоратии ширкатҳои пешқадами ин кишвар дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.

Татбиқи лоиҳаҳои рушди коммуникатсияҳои нақлиётии минтақавӣ ва инфрасохтор аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои иштирокдори Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” даъват намуданд, ки дар пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва мутобиқ шудан ба оқибатҳои он низ, ки яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба шумор меравад, ҳамкорӣ намоянд.

Изҳори бовар карда шуд, ки нахустин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи басо муҳим ҷалб хоҳад кард.

“Мо аз ҳавасмандии Хазинаи иқлими Италия дар ҳамкорӣ бо кишварҳои рӯ ба рушд дар муқовимат бо тағирёбии иқлим истиқбол мекунем”, изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф Сарвари давлат ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Италияро ҷонибдорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мо ба таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, ташкили мубодилаи академӣ ва гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ҳавасманд мебошем.

Аз мубодилаи донишҷӯён бо донишгоҳҳои пешрафтаи Италия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи барномаҳои таълимии Иттиҳоди Аврупо, бахусус “Эразмус Плюс” ва “Горизонт Аврупо” истиқбол карда шуд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба идомаи низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳон идомаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро, амри муҳим маънидод намуданд.

Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои ҳамкории зич бо Италия оид ба ҳама масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.
Иштирок дар Ҳамоиши нахустини “Осиёи Марказӣ ва Италия” 30.05.2025

Май 30, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон