Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зоҳир гардид.
Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва танзими боздиди олимону ҳунармандон зарур шумурда шуд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ду кишвар низ муҳим дониста шуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ташаббусҳои ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.









Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






