Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ “Ховар”/. Нимаи дуюми рӯзи 28 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарм ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин расониданд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ карда шуд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки равобити байнипарламентии ду кишвар пайваста ба сатҳи сифатан нав роҳандозӣ мегарданд.
Тамоили мусбати ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии мунтазам ва эътимодбахш дар сатҳи олӣ ба даст омадааст, таъкид карда шуд.
Дар ин робита, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори дигар натиҷаҳои бобарори сафари расмии ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Русия ёдовар шуда, барои дастгириву таваҷҷуҳ дар амалӣ гардидани ду лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе — бинои театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқати «Сириус» ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин изҳори сипос намуданд.
Бо зикри зарфиятҳои бузурги истифоданашуда, тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати тақвият додани робитаҳои минбаъдаи ду кишвар дар ҳама бахшҳои ҳамкорӣ салоҳ дониста шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанги русӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа аз мавзӯъҳои дигари суҳбати ҷонибҳо буд.
Вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноустувор дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид






