Сафири Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-и Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд

Май 14, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи Маркази пажуҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-и Амороти Муттаҳидаи Араб Доктор Муҳаммад Абдулло Ал-Алӣ доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Амороти Муттаҳидаи Араб хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо мавзуи тавсеаи ҳамкорӣ байни марказҳо ва институтҳои таҳқиқотии Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳишӣ ва машваратии «TRENDS»-ро бо назардошти имконият ва зарфияти фаровони ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба масоили мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, норасоии оби тоза ва коҳиш додани зарари он ба иқтисоди давлатҳо табодули андеша намуданд.

Дар мулоқот муколамаи интерактивӣ баргузор гардид. Сафир дар ҳузури пажӯҳишгарони Марказ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, аҳаммияти баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (Душанбе, 29-31 майи соли 2025) ва дастовардҳои муносибатҳои дипломатӣ байни ду мамлакат давоми 30 сол сухан намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Амороти Муттаҳидаи Араб

Май 14, 2025 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид