САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Бо ёдгориҳои Қалъаи Ямчун шинос шавед ва кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшонро тамошо намоед

Май 11, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор буда, табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус, кӯҳнавардӣ ва экологӣ имконияти зиёд дорад.

Тоҷикистон беҳтарин макон барои сайёҳии кӯҳнавардӣ аст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи маъмултарини сайёҳии кӯҳнавардӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, барои дӯстдорони саёҳати кӯҳнавардӣ Қаъали Ямчун тавсия дода мешавад, ки он дар қаторкӯҳи Вахони Бадахшон, дар болои теппа, дар назди дарёи Ямчун ҷойгир аст.

Ҳангоми сафар ба ин минтақаи сайёҳии Тоҷикистон сайёҳон метавонанд қаторкӯҳҳои зебои сарбафалаккашидаи Бадахшонро тамошо намуда, аз боду  ҳавои тозаю озодаи он нафас кашанд.

Қалъаи Ямчун яке аз қадимтарин қалъа дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар асри III пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ   қомат афрохтааст.

Қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим дар масофаи 178 километр аз маркази маъмурии вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳияи Ишкошим дар масофаи 72 километр қарор дорад.

Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Маҳз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд.

Дар ин замина барои азнавбарқароркунии ин қалъа ва барои омадани  сайёҳонони хориҷию дохилӣ ба ин мавзеъ дар доираи  созишнома байни  «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ роҳи пиёдагард ба сӯи қалъа таъмир мегардад.

Барои ба ин минтақаи сайёҳӣ рафтан сайёҳон метавонанд аз нақлиёт: автобусҳои хурд ва мошинҳои хусусӣ истифода баранд. Инчунин ба сайёҳон зарур меояд, ки 8 км роҳи болоӣ ва ё 4 км роҳи ростро барои баромадан ба қуллаи баланд тай намоянд.

Мувофиқи маълумоти бостоншиносон, қалъаи мазкур секунҷашакл буда, аз се қисм иборат аст. Майдони якум диж буда, аз се қисм иборат аст. Ду майдони дигар барои амалиёти муҳофизатӣ махсус гардонда шудааст. Атрофи деворро 36 бурҷ иҳота мекардааст. Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд. Қалъа тавре сохта шуда буд, ки барои муҳофизон мувофиқ бошаду барои мардум ҳамчун паноҳгоҳ хизмат намояд. Масолеҳи бинокорӣ аз сангу гил ва хишти гилин буда, қатъи назар аз боду борон, ярч ва заминҷунбиҳо, комилан ҳифз шудааст. Мутобиқати меъмории қалъа ва замине, ки дар он ҷойгир аст, беназир мебошад.

Бояд гуфт, ки минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон яке аз минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Ҷолиби таваҷҷуҳ қарор гирифтани кӯҳистони Тоҷикистон дар он аст, ки ин ҷо кӯҳҳову қуллаҳои сарбафалаккашида, кӯлҳои мусаффо, олами набототу ҳайвоноти нодир ва дар маҷмуъ, табиат дар шакли аввалааш ҳифз шудааст. Хусусияти ба худ хоси табиати Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо таъриху фарҳанги ниёгон, мардуми меҳмондӯсту меҳмоннавоз, ҷашну анъанаҳои миллӣ, хӯрокҳои лазиз ва меваҳои шаҳдбор ҳамасола ҷаҳонгардони зиёдро ҷалб менамояд.

Дар робита ба ин бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 ба Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан бунёди инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки шумораи сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2019 12 фоиз афзудааст. Вале ин нишондиҳанда бо назардошти имконоти таърихию табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобатию истироҳатии мамлакат кофӣ нест. Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 11, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар Душанбе ба макони таҷлили ин ҷашн хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда мешавад
Меҳргон иди кишоварзону олимон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст
14 ОКТЯБР — РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Дар Тоҷикистон 110 номгӯй имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст
Дар шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд
Хуч дар баробари пистаю чормағз зироати асосӣ ва фоидабахши соҳаи ҷангали Тоҷикистон ба ҳисоб меравад