«Саёҳати бузург тавассути Осиёи Марказӣ». Сафари иттилоотии намояндагони ВАО-и Чин ва Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд

Май 29, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар шаҳри Душанбе сафари иттилоотии «Саёҳати бузург тавассути Осиёи Марказӣ» ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ  иштирок намуданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Муовини сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроби Нурулло иброз дошт, ки «имрӯз муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи баланд қарор доранд. Чин дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои автомобилгард нақши муҳим мебозад. Мо умед дорем, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ рушду густариш меёбад».

Намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба мардуми Тоҷикистон барои истиқболи гарму меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳо байни ду давлат мусоидат карда, саҳми назарраси роҳбарони давлатҳоро дар рушди ҳамкории дуҷониба инъикос менамояд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон  дар Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Чин – Осиёи Марказӣ» ҳамоиши муҳими байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд. Бо назардошти аҳамияти ин рӯйдод ва бо мақсади ба намоиш гузоштани дастовардҳо дар татбиқи эъломияи нахустин ҳамоиш, инчунин имконияти васеи ҳамкорӣ байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ шабакаи телевизионии CGTN тасмим гирифтааст, ки як лоиҳаи муштараки таҳқиқотиро таҳти унвони «Саёҳати бузург тавассути Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаи пешсафи кишварҳои минтақа амалӣ намояд.

Ин лоиҳа дар давраи моҳҳои май-июн амалӣ мегардад. Ҳадафи он инъикоси равандҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин намоиши саҳми кишварҳо дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди устувор мебошад.

Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 29, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад