Сокинони ноҳияи Лахш дар 5457 гектар картошка кишт менамоянд

Май 20, 2025 11:00

ЛАХШ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Лахш дар зиёда аз 2600 гектар  замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, зиёда аз 1700 гектар заминҳои наздиҳавлигию ёрирасон картошка, дар 985 гектар ғалладонаи тирамоҳию баҳорӣ, дар 7,5 гектар зироати техникӣ ва дар 9 гектар сабзавот кишт карда шудааст. Боғпарварони ноҳия дар ин давра 5 гектар боғи нав бунёд ва 5 гектар боғҳои кӯҳнаро барқарор намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд.

Кишоварзони ноҳияи Лахш мақсад доранд, ки соли 2025 бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар 5457 гектар картошка кишт намоянд.

Дар ноҳияи Лахш 1806 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, имрӯзҳо дар онҳо кишти ғалла дар заминҳои лалмӣ, кишти картошка, кишти сабзавот, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо идома дорад.  Мувофиқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бе назардошти заминҳои президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ имсол дар 6253 гектар кишти зироати кишоварзӣ  пешбинӣ шудааст, ки 3300 гектари он картошка мебошад.

Имсол дар ноҳия дар 2157 гектар замини президентӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигие, ки бо оби полезӣ таъмин мегарданд, картошка кишт карда мешавад.

Роҳбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Лахш  Сорбон Пиров   гуфт, ки дар ноҳия 6 канал бо дарозии 94 км мавҷуд аст. Барои таъмини 4488 гектар замини корам  бо оби полезӣ ҳанӯз аз фасли тирамоҳи соли 2024  корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти обрасонӣ  дар  каналҳои Ғулама, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз, Сартало ва Ҷилондӣ ба тариқи ҳашари дастҷамъона ва техникаҳо  оғоз шуда буданд. Хушбахтона,  имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона»-и назди Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 2 пойгоҳи обкашӣ ва шабакаҳои обрасонии Ғулама, Пиёзӣ ва Сартало сохтмон самаранок идома дорад.

Сокинони ноҳияи Лахш  имсол захираи  пурраи тухмии картошка доранд. Дар сохтори кишоварзӣ 19  ҳазору 350 тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд, ки дар айни замон аз он кишт карда мешавад.

Масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд, ки мутобиқи боду ҳавои минтақа 60 фоизи кишоварзон картошкаи маҳаллии навъи “Тоҷикистон-24”   ва 20 фоизи дигар картошкаи навъи  “Сурхоб” мекоранд. Дар заминҳои боқимондаи кишоварзӣ навъҳои гуногуни воридотӣ- “Пикасо”, “Манифей” ва дигар намуди тухмиҳо барои таҷриба ва санҷиш кишт карда мешаванд. Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ ва шарикони рушд 137 тонна тухмии картошка ба ноҳия ворид гардида, мувофиқи тартиби муқарраргардида сари вақт ба деҳқонон дастрас карда шуд.

Дар ноҳияи Лахш ҳоло 297 трактор ва 20 картокашинонак омодаи кор мебошанд, ки онҳо барои вусъат бахшидан ба ҷараёни кишту кори саҳроӣ, бахусус картошка мусоидат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш 4463 гектар замини корами обӣ ва 1802 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст. Ҳамаи ин заминҳо дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода бурда мешаванд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Май 20, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад