«Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо «АНТАРЕС» ба Шармушайхи Миср парвозҳои мустақимро оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 06.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 май ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо ширкати «АНТАРЕС» (FLY.TJ) ба шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Мисри Араб иҷрои парвозҳои мустақимро оғоз менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба «Сомон Эйр».
Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе аз тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Шармушшайх 5 соату 30 дақиқа ва дар бозгашт 5 соатро ташкил медиҳад. Хатсайри мазкур барои сайёҳони тоҷикистонӣ, ки мехоҳанд аз соҳилҳои гарми баҳри Сурх, олами аҷиби зериобӣ ва хизматрасониҳои беҳтарин истироҳатгоҳҳои Миср баҳра баранд, имконияти муносиб фароҳам меорад.
Иҷрои парвозҳо дар натиҷаи ҳамкории самаранок бо ширкатҳои сайёҳӣ имконпазир гардидааст.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев мегӯяд, ки «оғози парвозҳо ба Шармушшайх қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳо мебошад. Итминон дорем, ки ин хатсайр ба афзоиши соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мусоидат менамояд».
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад






