СОЗАНДАГОНИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ҶОМЕА. Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад. Ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони имрӯзу фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. АМИТ «Ховар» ба муносибати Рӯзи ҷавонон яксанд иқтибосро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
-Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст ва бо назардошти саҳм ва нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва давлат дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд.
***
Мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
***
Мо ҷавононро неруи созандаю бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя менамоем.
***
Бо назардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози замони соҳибистиқлолӣ то имрӯз ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҷисмонии ҷавонон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёфтани ҷавонон, азхуд кардани техника ва технологияҳои муосир тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
***
Мо аз ҷавонони мамлакат умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шуморида, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва азхуд кардани техникаю технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд.
***
Шумо – ҷавонони саодатманд, ки ояндасозони ин Ватани биҳиштосо ва фардои Тоҷикистони азизу маҳбубамон мебошед, метавонед дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз кунед, сарзамини аҷдодиро боз ҳам ободу зебо гардонед ва қарзи фарзандию рисолати шаҳрвандии худро дар назди Модар – Ватан сарбаландона иҷро намоед.
***
Мо ифтихор дорем, ки имрӯз ҷавонони далеру ғаюри мо, яъне насли замони истиқлол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии хешро сарбаландона иҷро мекунанд, масъулияти ҳимояи марзу буми мамлакат ва ҳифзи амнияти давлату миллатро ба дӯш доранд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро самимона дӯст медоранд ва барои пойдории ин арзишҳои ҷовидонӣ саъю талош менамоянд.
***
Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имконияти фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда равона менамоянд.
***
Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт мо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардорем.
***
Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор менамоем, зеро онҳо воқеан соҳибону бунёдгарони ояндаи Ватан ва идомадиҳандагони фаъолияти созандаи мо ҳастанд.
***
Имрӯз ҷавонони мо такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Оинҳои ҷашни Наврӯз дар намунаи ёдгориҳои қадим инъикос гардидаанд






