Тағйирёбии иқлим ба экосистемаи Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад

ДУШАНБЕ, 11.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти пуртаъсири асри XXI ба ҳаёт, саломатӣ ва некуаҳволии мардуми сайёра мебошад. Ин раванд боиси расонидани таъсири манфӣ ба табиат, гуногунии биологӣ ва дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ гардидааст. Тағйирёбии боду ҳаво сабаби вайроншавии системаҳои репродуктивии табиии флора ва фаунаҳо ва оқибатҳои ногувори он, бахусус деградатсияи гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои обӣ мегардад.
-Давоми ду даҳсолаи охир раванди тағийрёбии иқлим мувозинати экологии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологиро тағйир медиҳад.
Тибқи муқаррароти Созишномаи Париж, давлатҳои аъзо қарор қабул намудаанд, ки баландшавии ҳарорат дар сайёра бояд дар сатҳи то 2°C нигоҳ дошта шавад. Новобаста аз қабули чунин ҳадаф хатари коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ танҳо 50% кам мегардад. Мониторинги таъсири тағийрёбии иқлим ба табиат ва экосистемаҳо дар андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳифзи гуногунии биологӣ нақши калидӣ дорад.
Аз рӯйи арзёбии олимон, агар баландшавии ҳарорати миёнаи глобалӣ то ба 2°C то соли 2100 идома ёбад, тақрибан 18% намудҳои растаниҳо ва 22% ширхӯрон аз рӯйи Замин нест мешаванд.
Гармшавии глобалӣ ва таъсири тағийрёбии иқлим ба захираҳои табиӣ ва ҳолати экологии минтақа низ таъсири беш аз пеш мерасонад. Мувофиқи ақидаи гурӯҳи мушовирон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC, 2021), Осиёи Марказӣ ба минтақаҳое дохил мешавад, ки зери хатари ҷиддии таъсири тағйирёбии иқлим қарор дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои сохтори мураккаби гуногунии иқлимӣ ва биогеографӣ мебошад, ба чунин равандҳо нисбатан ҳассостар аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхору дурандеш зарурати ҳифзи гуногунии биологиро ба назар гирифта, ҳанӯз 22 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар машварати Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чунин иброз намуданд: “Захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд. Тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигаҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати фаромиллӣ доранд ва на фақат ба кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ судовар ҳастанд. Зеро нест шудани ҳар намуди набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад”.
Гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бойю рангин буда, тибқи маълумоти илмӣ дар қаламрави мамлакат беш аз 9500 намуди набототи дараҷаи олию паст ва зиёда аз 13 000 намуди ҳайвонот вомехӯрад.
Флора ва фаунаи ҷумҳурӣ дорои намудҳои гуногуни зиёди эндемикӣ мебошанд ва онҳо ба ҳарорат ва намнокии тағйирёбанда ҳассосият нишон медиҳанд. Маҳдудшавии ареали онҳо, кӯчиши намудҳои ҳайвонот ва нестшавии минтақавии экосистемаҳои кӯҳӣ мушоҳида мешавад.
Дар айни замон тибқи таҳлилҳои олимони тоҷик, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 242 намуди ҳайвонот дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намудҳои нодиру зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Намояндаҳои зиёди олами ҳайвонот ва растаниҳои Тоҷикистон ба Китоби байналхалқии сурх ҳамчун навъҳои нодир ва ё аз байнрафтаистода, ки ҳифз ва диққати махсус талаб менамоянд, ворид карда шудаанд. Намудҳои нодиру эндемикӣ, хусусан бабри барфӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, Морхӯр, гӯсфанди уриал ва намояндагони набототи кӯҳӣ бештар ба таъсири чунин тағйирёбиҳо осебпазиранд.
Давоми 70 соли охир тамоюли баландшавии ҳарорати ҳаво дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст, хусусан дар даҳсолаи охир ҳарорат аз 0,1–0,2°C тамоюли баландшавӣ дорад. Аз рӯйи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳарорати миёнаи солона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1–1,2°C нисбат ба нимаи асри XX афзудааст. Хусусан баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои Помири кӯҳӣ бештар эҳсос мешавад.
Ҳамзамон афзоиши шумораи зуҳуроти экстремалии иқлимӣ, аз қабили обхезӣ, хушксолӣ ва ярчҳо мушоҳида мешаванд. Зиёдшавии басомади шиддатнокии чунин зуҳуроти иқлимӣ боиси ноустувории шароити агроиқлимӣ ва вайроншавии қабатҳои хок мегардад.
Тибқи гузориш оид ба иқлим ва рушд, хароҷоти миёнаи солона дар натиҷаи харобшавии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 325 миллион доллари ИМА-ро дар соли 2023 ташкил дод, ки қариб ба 2,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат баробар мебошад.
Натиҷаи мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар раванди тағйирёбии иқлим соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 874 адад ва соли 2023 804 адад ҳодисаҳои гидрометеорологӣ сабт шудаанд, ки нисбат ба соли 2023 70 адад зиёдтар аст.
Соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 379 тарма, 189 сел ва 46 ҳолати баландшавии сатҳи оби дарёҳои асосӣ аз меъёри бисёрсола ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2023 67 зуҳуроти селӣ ва 65 зуҳуроти тарма зиёд мебошад. Сабабҳои асосии чунин тағйирот бо шиддатёбии равандҳои глобалӣ алоқаманданд: гармшавии атмосфера боиси афзоиши намнокӣ дар ҳаво гардида, шиддати боришро зиёд мекунад. Вайроншавии равандҳои гардиши мавсимӣ боиси омехташавии минтақаҳо ва муҳлати бориш мегардад.
Тибқи арзёбии коршиносон, пешгӯйиҳои модели иқлимӣ афзоиши обро дар давраи камобии тирамоҳ ва коҳишёбии онро дар давраи обхезии тобистона пешбинӣ мекунанд. Равшан аст, ки ин ба обёрии замин, хусусан ба давра, давомнокӣ ва реҷаи обёрии зироати кишоварзӣ таъсир расонида метавонад. Паст шудани сифати обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ дар натиҷаи болоравии ҳарорат метавонад ба мувофиқ будани истифодаи об барои эҳтиёҷоти маишӣ ва ошомиданӣ таъсири манфӣ расонад. Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба мавҷудияти об аллакай дар обёрӣ, таъминоти оби ошомиданӣ ва обтаъминкунии саноатӣ мушоҳида мешавад.
Аз рӯйи натиҷаҳои арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, солҳои 2000-2001 дар Осиёи Марказӣ зарари хушксолӣ тақрибан ба 5 миллион нафар расид. Баъзе аз оилаҳо 90%-и даромади худро аз даст доданд ва зарари умумӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ 800 миллион доллари ИМА арзёбӣ мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тамоюли миёнаи солонаи ҳарорати ҳаво низ аз меъёри иқлимӣ зиёд, аз ҷумла дар баландиҳои 1000 м аз сатҳи баҳр — +1,9 °С, аз 1000 то 2500 м аз сатҳи баҳр — +1,6 °C, дар баландии 2500 м аз сатҳи баҳр — +1,9 °С мушоҳида гардид. Ин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бартарии сиклонҳои гарми ҷанубӣ, кам шудани қабати барф, инчунин тамоюли умумии афзоиши гармшавии минтақавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим вобастагӣ доранд.
Гармшавии глобалии сайёра, ки яке аз нишондиҳандаҳои тағийрёбии иқлим аст, боиси таназзули қабати криосфера гардидааст.
Чуноне ки котиби генералии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло таъкид намуд, соли 2024 давоми мушоҳидаҳои боду ҳаво аз ҳама гармтарин сол ба қайд гирифта шуда, якчанд маротиба вобаста ба ҳолати иқлим чун ҳолати хатарнок эълон карда шуд. Соли 2023 нисбат ба 50 соли мушоҳидаҳои охир соли аз ҳама бештар обшавии пиряхҳо ба қайд гирифта шуд.
Дар рӯйи Замин қабати криосферӣ зиёда аз 275 000 пиряхҳоро дар бар гирифта, тақрибан 700000 км2 масоҳатро ишғол мекунанд.
Пиряхҳо тақрибан 70% обҳои ширини ҷаҳонро дар худ нигоҳ медоранд. Аммо бо сабаби тағийрёбии иқлим ин масоҳатҳои яхпӯш рӯз аз рӯз кам мешаванд. Ҳифзи криосфера на танҳо аз нуқтаи назари экологӣ муҳим аст, балки барои рушди устувори иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамзамон чун воситаи зиндагии мардум муҳиммият дорад.
Зиндагӣ ва иҷтимоиёти зиёда аз 2 миллиард одамҳо дар рӯйи замин ба обшавии барф ва пирях вобастагии зич дорад. Равандҳо онҳоро бо оби нӯшокӣ ва дар кишоварзӣ барои кишту кор бо об таъмин мекунанд.
Тибқи рейтинги «ND-GAIN» дар соли 2021, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти аҳолии зиёди дар минтақаҳои деҳот умр басарбаранда ва дорои шакли кишоварзии обёришаванда, инчунин релефи кӯҳии ҷумҳурӣ ва хавфҳои баланди сарзании офатҳои табиӣ байни 195 кишвар ҷоий 98-умро дар осебпазирӣ ба муқобили тағйирёбии иқлим ишғол намуд.
Чуноне ки дар гузориши мамлакат оид ба иқлим ва рушд омадааст, дар даҳсолаи охир новобаста аз рушди иқтисодиву саноатии кишвар танҳо 0,04 фоизи партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меоянд.
Ҳанӯз соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад ва оқибатҳои манфӣ ба бор меорад, изҳори нигаронӣ намуданд. Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Хушбахтона, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 Қатъномаи махсусро, яъне “Соли 2025 — соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.
Ташаббуси мазкур барои ҳалли мушкилот дар якчанд самтҳои муҳим, аз ҷумла, таҳкими системаи мониторинги пиряхҳо барои беҳтар кардани сифати ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, таҳияи системаи огоҳирасонии саривақтӣ оид ба зуҳуроти хавфнок, идораи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ дар минтақаҳои ба об эҳтиёҷдошта, ҳифзи расму оинҳо ва донишҳои фарҳангии ба пиряхҳо вобаста, ҷалби ҷавонон ба ҳифзи пиряхҳо ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо равона шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар доираи конференсияи СММ оид ба захираҳои об моҳи марти соли 2023 чунин иброз намуданд: «Мутобиқи маърузаи байнидавлатӣ оид ба тағйирёбии иқлими уқёнусҳо ва криосфера (соли 2019) имкон дорад, ки то охири асри ХХI се ҳиссаи пиряхҳои дунё нест шаванд. Чунки танҳо дар 50 соли охир зиёда аз 1000 пиряхи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда ба нестӣ расидааст. Ғайр аз ин обшавии пиряхҳои арктикӣ ва антарктикӣ боиси баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо шуда, ба ҳаёт ва зисти миллионҳо одамон, хусусан дар давлатҳои хурди ҷазиравӣ дар рӯйи Замин таҳдид мекунанд».
Масоҳати кӯҳҳои яхпӯши кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 17 ҳазор км²-ро ташкил мекунад, ки зиёда аз 60% ин пиряхҳо дар кӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд ва сарчашмаи обҳои мусаффои минтақа ба шумор мераванд. Обшавии босуръати пиряхҳо ба зиёдшавии офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ оварда расонидааст.
Аз рӯйи таҳқиқот, андозаи пиряхҳои кишвар дар ҳаҷми 25–35% нисбат ба нимаи асри гузашта кам шудаанд ва тибқи пешгӯиҳо, агар обшавии пиряхҳо бо ҳамин суръат идома ёбад, то охири асри XXI хатари 50%-и нобудшавии онҳо вуҷуд дорад.
Директори генералии ЮНЕСКО Одрэ Азуле оид ба ҳифзи пиряхҳо ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт ва рӯзгори аҳолии сайёра чунин иброз кард: “Ҳифзи пиряхҳо яке аз вазифаҳои муҳими инсоният ба шумор меравад. Пиряхҳо муҳофизи таърихи иқлими сайёра, сарчашмаи зиндагии миллиардҳо одамон ва ҷойҳои муқаддаси намояндагони фарҳангҳои гуногун мебошанд. Обшавии босуръати онҳо моро водор мекунанд, ки чораҳои таъхирнопазир андешем”.
Дар ҳақиқат, новобаста аз он ки пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули оби дарёҳои Амударё ва Сирдарё нақши муҳим мебозанд, зиёда аз 80%-и ҳодисаҳои офати табиии Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд, чунки зуҳуроти обшавии босуръати пиряхҳо ба низоми гидрологии дарёҳои мамлакат таъсир расонида, боиси хисороти иқтисодӣ мегарданд. Мувофиқи пешгӯиҳои мутахассисони соҳа, эҳтимол то солҳои 2050–2060 дар натиҷаи ҳарорати баланд, сарфи миёнаи солонаи оби дарёҳое, ки ғизогириашон аз пиряху барф аст, афзоиш ёбад, вале баъдан камшавии обнокӣ мушоҳида мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 34 соли Истиқлолият зиёда аз 20 стратегия ва барномаҳои соҳавӣ ва давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023–2037», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034», «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ва барномаҳои дигарро ба хотири беҳдошти муҳити зисту солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз таъсири тағийрёбии иқлим ба энергетика, захираҳои об, кишоварзӣ, тандурустӣ. муҳити зист ва ғайраҳо барои кам кардани таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон ба табиат ва ҳифзи он таҳия ва татбиқ менамояд.
Аз ҷумла, тибқи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тақвияти дастрасии минтақавии ҳамоҳангшуда ба хизматрасониҳои беҳтаршудаи илмӣ оид ба тағйирёбии иқлим, паст кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба аҳолии деҳот бо воситаи пешгирии таназзулёбии чарогоҳҳо, беҳтар кардани идоракунии захираҳои об барои хоҷагиҳои деҳқонӣ, мустаҳкам намудани иқтидори зеҳниву техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии хатари офатҳои табиӣ, баланд бардоштани дараҷаи устувории инфрасохторҳои муҳими он ба хатарҳои табиӣ ва зиёд намудани устувории ҷумҳурӣ дар соҳаи вокуниш ба офатҳо, расонидани кумак ҷиҳати барқарорсозӣ баъд аз офатҳои табиӣ, баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими автомобилгард ва пурзӯр намудани иқтидор оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар доираи стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ татбиқ мегарданд.
Дар доираи барномаҳои давлатию соҳавӣ барои пешгирии таҳдидҳои иқлимӣ Тоҷикистон усулҳои беҳдошти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ ва истифодаи навъҳои ба хушкӣ устуворро амалӣ мекунад. Мониторинги миллии тағйирёбии иқлим ва системаи мушоҳидавии худидорашаванда барои назорати пиряхҳо, боду ҳаво ва захираҳои обӣ дар мамлакат таъсис ёфтааст.
Бо мақсади коҳиш додани пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ ҷиҳати пешгирии таъсири манфии обхезӣ ва сел, сохтмони саддҳо, обгардонҳо, селпартоҳо, иншооти дигари таъйиноти мубориза бо обхезӣ ва сел дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ карда мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ саъю талош варзида, ҷиҳати кам кардани таъсири газҳои гулхонаӣ ва таъсири манфии иқлим ба соҳаи гидроэнергетика, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, сатҳи рушди сармояи табиии мамлакат, ҳиссаи технологияҳои каммасраф дар саноати мамлакат, сайёҳии экологӣ ва рушди иқтисоди “сабз” таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Дар ин самт бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома дошта, солҳои наздик дар ҷумҳурӣ истеҳсоли электромобилҳо, электробус ва электротроллейбусҳо оғоз мегардад, ки идомаи мантиқии сиёсати ҳукумат дар роҳи рушди иқтисоди «сабз» ва чораҳои амалӣ дар пешгирии таъсири манфии тағийрёбиҳои иқлим мебошад.
Тавре маълум аст, бо шарофати рушди гидроэнергетика Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои якумро ишғол мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 95%-и неруи барқро аз ҳисоби гидроэнергетика ба даст меорад ва ин омили муҳими рушди устувори мамлакат ба таъсири тағйирёбии иқлим мебошад.
Асоси энергетикаи Тоҷикистонро гидроэнергетика ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, аз нуқтаи назари рушди иқтисоди «сабз» дар Тоҷикистон соҳаи гидроэнергетика ҳамчун асоси ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ҳамчун воситаи таъмини устувории экологӣ муаррифӣ мегардад.
Тоҷикистон сиёсат ва дипломатияи байналмилалии худро дар соҳаи обу иқлим мувофиқи тамоюлҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бар асоси принсипҳо ва меъёрҳои аз ҷониби мамлакат эътирофшуда амалӣ менамояд. Ҳамзамон сиёсати мамлакат дар соҳаи об манфиатҳои миллиро ба инобат гирифта, барои татбиқи самарабахши он ислоҳоти дахлдори низоми идоракунии захираҳои обро дар асоси ҷорӣ намудани идоракунии ҳамгироёна ва ҳавзавӣ бо назардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба воситаи шуроҳои ҳавзавии дарёҳо амалӣ менамояд.
Хулоса, тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба равандҳои табиӣ ва бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ таъсири маҷмуӣ расонида, стратегияи идоракунии устувори сарватҳои табиӣ ва мутобиқшавии комплексӣ дар асоси маълумоти илмӣ-таҳқиқотӣ кам кардани осебпазирии экосистемаҳоро ташкил мекунад.
Тақвияти додани ниҳодҳо барои беҳтар намудани мутобиқшавӣ, устуворӣ ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар доираи стратегияҳои одилона ва фарогири мавзуоти иқлимӣ, ҷалби сармоягузории вобаста ба иқлим, муттаҳидшавӣ дар меҳвари рушду ҳифзи об-энергия-озуқаворӣ, ландшафтҳои устувор, кӯшиш барои кам кардани осебпазирӣ, пурзӯргардониии иқтидори илмию таҳқиқоти илмӣ, тадбирандешиҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи сокинони мамлакат барои таъмини рушди устувори ояндаи Ватанамон нақши муҳим доранд.
Зарафо ҚИЁМЗОДА,
Дилафрӯз САИДӢ,
Ориф АМИРЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон