Таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи «Шоҳнома» ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ» конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некию накӯкорӣ, ростгӯйӣ, донишу хирад, ҳифзи Ватан ва муҳаббат ба он ба таври густурда инъикос гардидаанд. Ба ақидаи шоир, некию накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Фирдавсӣ тавассути ин асари безавол ба аҳли башар тавсия додааст, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд, зеро амали нек ҷовидонӣ аст. Ин матлаб 28 апрел зимни Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи «Шоҳнома» ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баён шуд.
Иброз гардид, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамосаи беназиру безаволи миллии мо аст, ки ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «он танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст».
Иқдоми беназир ва таърихии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ- «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаю ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат, қабл аз ҳама, ҳисси ватандӯстии мардумро зиёд мегардонад.
Барномаи фарҳангии ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва қироати порчаҳо аз «Шоҳнома» аз ҷониби донишҷӯёни фаъол пешниҳоди ҳозирин гардид.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






