Таҳти унвони «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ»- таҳти чунин унвон 21 май дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки конфронси сатҳи баланд бо ибтикори Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории назди Донишгоҳ гузаронида шуд.
Баррасии дурнамо ва имконоти рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузории хориҷӣ, тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин мутобиқсозии низоми таълим ва таҳқиқоти илмӣ ба талаботи бозори ҷаҳонии сайёҳӣ аз ҳадафҳои асосии конфронси байналалмилалии «Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии сайёҳӣ» арзёбӣ карда шуданд.
Таъкид гардид, ки соҳаи сайёҳӣ дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян шуда, барои муаррифии фарҳангу табиати нотакрори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад.
Конфронс дар шакли маҷлиси умумӣ ва ҷаласаҳои мавзуӣ доир шуда, масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, эко- ва агротуризм, рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва дигар мавзуъҳои муҳимро дар бар гирифт.
Дар анҷом иштирокчиён зарурати тақвияти робитаҳои илмӣ, амалӣ ва иқтисодиро дар соҳаи сайёҳӣ таъкид намуда, барои рушди бозори сайёҳии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо низоми ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳоду тавсияҳои мушаххас манзур намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






