ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 май, ҷумъа, 129-умин рӯзи соли 2025 аст

Май 9, 2025 08:00

9 майи соли 1975 дар шаҳри Душанбе Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» ифтитоҳ гардид.

***

9 майи соли 2009 намояндагони созмонҳои ҷавонони Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Русия дар Конфронси таъсисдиҳандаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

***

9 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати HOS International Trading (PTY) Ltd (Малайзия) Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

***

9 майи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси амалкунандаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар  чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи  Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.

***

9 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ, ки дар Боғи Ғалаба баргузор гардид, иштирок намуда, ба поси хотири афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар ин ҷанг нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд. Баъд аз анҷоми маросими гулгузорӣ гузашти низомии ротаи қаровули фахрии гарнизони Душанбе баргузор шуд.

***

9 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии Ғалаба иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 дар ҳошияи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 79-солагии Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи Ғалаба  дар Ҷанги дуюми ҷаҳон

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Муҳаммадҷон Қосимов -соли  1907,— ҳунарпешаи театру синамои тоҷик. Яке аз саромадони театри касбии тоҷик. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

***

Раънои Мубориз — соли 1965 — рӯзноманигор, шоир, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Конфедератсияи байналхалқии Иттиҳодияҳои журналистони ИДМ (1992), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1993)

Май 9, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш