Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо роҳбаладон бо 8 забон тавзеҳ медиҳанд

Май 27, 2025 09:14

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Толори экспозитсионии «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби роҳбаладон ба меҳмонони хориҷӣ бо 8 забон шарҳ дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонону иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 майи соли равон) пурра омода буда, роҳбаладон низ барои шарҳи ташаббусҳо омода гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори экспозитсионии «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» созмон дода шуд, ки он бо шаклу услуби замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи осорхонавӣ бунёд гардидааст. Дар он калонтарин пиряхи ҷаҳон Ванҷях (собиқ Федченко) ва қитъаи шашуми олам Антарктида ба шакли барҷаста инъикос ёфтаанд.

Ҳамзамон дар толор таҷҳизоти соҳаи пиряхшиносӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  солҳои 2008-2009 дар қитъаи Антарктида барафрохта шуда буд, пешкаши тамошобинон гардонида шудаанд. Ҷолибияти дигари толор он аст, ки ҳангоми ворид шудан ба он садои сунъии шамоли сарди пиряхҳо ва шикастани онҳо ба гӯш мерасад ва тамошобинон худро лаҳзае дар муҳити пиряхҳо эҳсос менамоянд.

Зимни тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҳар тамошобин бо манбаъҳои обӣ ва пиряхҳо шинос мегардад.

Мақсади асосии таъсиси ин толор ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон менамоем, ки 29-31 майи соли равон пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар ҳошияи Раванди оби Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад.

Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо роҳбарони давлатҳо, ҳукуматҳои кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок намоянд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат гузаронида шуда, дар ҳошияи он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ҷой гирифта, истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ин масъаларо бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз таъсир ва оқибатҳои ногувори он ба сайёраи Замин огоҳ менамоянд.

Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони  «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ», ки 4-5 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, бо таъкиди ин масъала иброз намуданд, ки «обшавии пиряхҳо тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо  танҳо манбаи об барои минтақа набуда,  дар ҳифзи   иқлими минтақа  низ нақши муҳим мебозанд».

Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим ва пешгирии обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар баробари ин, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро  Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд.

АКС аз бойгонии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 27, 2025 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
Намояндаи Қазоқистон Нина Пиманкина: «Дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ мехоҳем аз таҷрибаи Тоҷикистон истифода намоем»
Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе дар Қалъаи Ҳисор бо таърихи халқи тоҷик шинос шуданд
Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сарвазири Тоҷикистон Конфронси чоруми байналмилалиро натиҷагирӣ намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон мавқеи пешсафи худро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тасдиқ намуд
Умут Аҷар: «Дар Тоҷикистон чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида мешаванд»
Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»