Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ дохил гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ таҳти роҳбарии Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ фаъолият менамояд. Он аз 11 аъзо аз 9 давлат иборат мебошад, ки 10 коршиноси сатҳи баланд ва як мушовири илмиро дар бар мегирад.
Комиссияи панаврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва тандурустӣ зери роҳбарии собиқ Сарвазири Исландия ташкил карда шуда, мутахассисонеро аз кишварҳои гуногуни Аврупо ва Осиёи Марказӣ муттаҳид менамояд, ки дорои таҷрибаи бой дар соҳаҳои тандурустӣ, рушди устувор, муҳити зист, ҳуқуқ ва сиёсати давлатӣ мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






